Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Афсўс.
- Чӣ афсўс?
- Афсўс ки ҳамон вақт мо адабатро дурустакак надодемда.
- Мушти баъди ҷангро метавонӣ, ба сари худат занӣ...
Новобаста аз ҳама суҳбати рамзи гурўҳи сеюм, ки тариқи пешхизмат тугмачаи қабули овозро (жучок) ба дохили гулдон гузошта буд, дар берун суҳбати объектро бо Хушдил Одил ба лентаи овоз сабт намуд. Чун Хушдил Одил ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомидро мешинохт, капитани милиса баробари ба "Хаймаи Хайём" омадан аз дари эҳтиётӣ вориди ошхона гашт ва дар ду сухан роҳбарияти онро барои иҷрои амале розӣ кунонида тавонист. Сипас, пешхизмат гулдонеро бо гулҳояш бурда, болои мизе гузошт, ки Хушдил Одил ҳамон лаҳзаҳо ба вохўрӣ омада буд. Сорбони Ҳомид аз ҳамон дари эҳтиётӣ берун омада, гуфтугўи Хушдил Одилро бо объект гўш намуд. - Мушти баъди ҷангро метавонӣ ба сари худат занӣ, - охирин ҷумлае аз суҳбати ин ду тан шуд. Сеюм дар ин бора тариқи мухобира ба Марказ хабар дода, интизори супориши Марказ шуд.
- Ба онҳо имконият диҳед, ки аз пайи кори хеш раванд.
Назоратро аз қафояшон дар алоҳидагӣ чун пештара давом диҳед. Қабул. - Марказ, ман Дуюм, шуморо фаҳмидам.
- Марказ, ман Сеюм, аз қафои объект назоратро давом медиҳам...
Аввалин шуда аз "Хаймаи Хайём" Хушдил Одил берун омад. Ў каме дар пеши дар таваққуф намуда, ба атроф нигарист ва сипас ба тарафи муқобили роҳ гузашта, аз телефон - автомати паҳлўи истгоҳ ба куҷое занг зад.
Дар ин бора гурўҳи капитани милиса Сорбони Ҳомид Марказро огоҳ намуд.
Хушдил Одил баъди занги телефонӣ таксиеро боздошт ва ба тарафи шимол ҳаракат намуд. Гурўҳи сеюм ўро дунболагирӣ намуд.
Гурўҳи дуюм баъди аз "Хаймаи Хайём" берун омадани объект ўро то ба манзили маҳаллаи шаступанҷум гусел намуда, баъди вориди бино шуданаш Марказро огоҳ намуда, интизори амри навбатӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор