Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ба ростӣ, ман шуморо фиреб намедиҳам.
  • Автоматро бардор!
  • Кадом автоматро?
  • Кӯр нестӣ, ки дар наздат автомат аст.
  • Инаш барои чӣ?
  • Гуфтам бардор, ё лаҳзае пас худат ҳам паҳлуи вай мехобӣ, фаҳмо!
  • Фаҳмо.
  • Хуш тезтар, фикри беҳудаеро дар майнаат роҳ надеҳ, вагарна…
  • Фаҳмидам, - гўён Хушдил Одил хам шуда автомати Собитро бардошт.
  • Акнун мили автоматро ба тарафи вай рост намо!
  • Ба тарафи кӣ?
  • Ба тарафи оне, ки қасд ба ҷони худат намуд ва ба бахтат, ки ман ҳозир шудам, вагарна худат ҳоло ба ҷойи вай мехобидӣ.
  • Ба фикрам, вай аллакай ҷон додааст.
  • Рост намо автоматро!
    Хушдил Одил мили яроқро ба тарафи Собит, ки рўйи замин пару мехобид, рост намуд.
  • Акнун кулангро зер намо!
    Яку якбора аз автомат он қадар тир бурун омад, ки ҷисми Собитро ғалбер кард. Маълум ки Собит муҳофизро аз саросемагӣ то ба охир зер накардаву дар ҳолати "АВ" қарор дода будааст ва худи Хушдил Одил низ аз тарси ҷон ҳамин ҳолатро аз ёд бароварда…
  • Акнун автоматро ба замин гузор!
  • Ман хоҳиши шуморо иҷро кардам, боз чӣ мехоҳед?
  • Автоматро ба замин гузор гуфтам!
    Хушдил Одил мили ростшудаи автомати Дороб Қамарро ба тарафи хеш дида, автомати дар ҳолати омодабош будаи хешро ба замин гузошт.
  • Панҷ қадам ба қафо рав!
    Хушдил Одил ин даъфа амри наҷотдиҳандаи хешро бе чунучаро иҷро кард.
    Дороб Қамар бо эҳтиёт аз тасмаи автомати рўйи замин хобида гирифта онро бардошт. Сипас ба Хушдил Одил амр намуд, ки борхалтаи овардаи Собитро, ки пеш аз ба нишон гирифтани Хушдил Одил ба замин гузошта буду акнун болои он пару мехобид, бардорад.
пешина
аз 527
навбатӣ