Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Хушдил Одил овоз рӯшан кард ва ҳамсараш дарро кушода аҳволи вай донистан хост.
- Очаи Шерзод, як чой хунук биёр!
- Хуб шудааст, - гўён Раъно аз пайи иҷрои амри шавҳар рафт ва як пиёла чойи хунук оварда, боз аз пайи корҳои нотамомаш рафт.
Хушдил Одил давоми он ҳодисаро ба ёд овард. Ў бисёр мехост, ки бо Собит забон як намояду он борро якҷоя аз худ намоянд, вале танҳо аз "Калашников"-и Собит хавф мебурд.
Чун ў бо худ як яроқи суфтамили К - 32 дошт ва он дар нисбати "Калашников"-и дар дасти Собит буда ҳеҷ буд. Ба ҳар ҳол чорае андешидан лозим буд ва ў яроқашро зери он кўҳпора гузошта, худ аз камингоҳ берун омад, то сари муаммои сарбаста бо Собит забон як намояд. Ба ҳамин хотир аввалин шуда худи ў овоз рӯшан кард ва Собит, ки дар ин минтақа вохўриро бо касе интизор набуд, бо як чолокие автоматро ба тарафи вай рост кард.Чун нав рўз мешуд ва то кунун хуршеди ховар ба тамошои замин набаромада буд, Собит аз пеши роҳаш баромадани домоди Фарҳодро фоли нек напиндошта, автоматро ба тарафи вай рост намуда, амр кард, ки домоди кумандон дастҳояшро бардорад. Хушдил Одилро ба ҷуз итоат дигар чорае набуд ва ў дастҳояшро бардошт. Дар ҳамин ҳолат садои баланде кўҳу камарро ба ларза овард ва оне, ки автоматро ба тарафи вай рост намуда буд, оҳ гуфта, ба замин афтид…
Хушдил Одил лаҳзае лолу карахт монд ва чун ба худ омад, болои сараш Дороб Қамарро дид. Ў дар ин субҳи солеҳон чун замбурӯғи баъди борон аз куҷо пайдо шуд, Хушдил Одил нафаҳмид ва ин ҳамааш кам буд, ки Дороб Қамар автомати хешро ба тарафи вай рост намуд. - Илтимос, напаррон! Банда як умр хизматгоратон хоҳам шуд.
- Хизматгор мегўй?
- Бале, хизматгор.
- Модоме ки ту ба бародари ҳамсарат хиёнат намудӣ, аз куҷост кафолат, ки бандаро ҳам рўзе фиреб надиҳӣ.
- Қасам ба номи…
- Ҳозир мебинем, ки ту чӣ хел ҷавонмардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор