Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Худи Хушдил Одил бо амри Фарҳод чандин маротиба тавассути чунин коридорҳо сарҳадро убур намудаву баҳри бародарони ҳамсараш аз хориҷи кишвар бор оварда буд.
Ҳарчанд ў ҷонро дар хатар гузошта бор меовард, вале аз панҷ фоизи бори овардашуда ба вай ҳиссаи бештаре намедоданд.
Боре шабона дар як вохўрӣ бо сарҳадбонон гуфтугўи афсари сарҳадбононро бо Фарҳод шунид. Ҳамин хел тасодуфан. Ў ҳамин қадар фаҳмид, ки афсар нафареро аз сокинони давлати ҳамсоя, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуда будааст, ба коми наҳангу моҳиҳо фиристода, борашро аз худ намудааст ва акнун мехост аз дигар ҳамяроқонаш пинҳонӣ он борро тавассути Фарҳод обу лой намуда, маблағашро аз рўйи фоизи муайян бо Фарҳод якҷоя бубинад, ана дар ҳамин ҷо нафси эшон боло гирифту рафторҳои минбаъдаи бародарарӯсашро ба зери назорат гирифт…
Фарҳод, ки дар он шабу рўз тайёр буд барои манфиати шахсиаш хуни чанд кас бирезад, тайи як - ду шабонарўз тавонист, ки Собит бародари Воситро, ки ҳамон шабу рўз ба ёрии дигар дастаи мухолифин рафта буд, барои бурдани он боре, ки соҳибаш акнун туъмаи наҳангу моҳиҳо гашта буд, розӣ кунонад. Чун худи Хушдил Одил дар ин амалиёт шарик набуд, ў аз қумандон рухсат пурсида, ба хабаргирии ёру аёлаш рафт…
Хабаргирии ёру аёл ин ҳамааш баҳона буд, дар асл бошад, ўро мақсаду мароми дигаре дар сар буд. Вай нағз мефаҳмид, ки бори ғайриқонунӣ на роҳи рост, балки пайроҳаҳои каҷу килеби касногузарро бояд паси сар намояд.
Ҳамаи он пайроҳаҳоро бошад, ў чун панҷ панҷаи дасташ медонист. Тайи ду шабонарўз ў зери шӯхпорае омадани борро интизорӣ кашид. Қарибиҳои субҳ буд, ки Собит борхалтае дар пушт ва Калашников дар китф зери он шӯхпора қарор гирифт.
Хушдил Одил аз ба ёд овардани он манзара дилаш фишурда шуд ва бо рўймолча арақи сарди пешонаашро пок кард. Чанд сол аст, ки манзараи мудҳиш ўро домангир аст ва на танҳо дар хаёлоти хотир… Аз ҳамон лаҳза ў ғуломи ҳалқабаргўши дигаре шуд, чунки ў низ ба "шикор" - и он бор баромада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор