Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хушдил Одилро ба ҷуз иҷрои он амр дигар чорае набуд. Чун борхалта қисман ба хуни Собит олуда шуда буд, он нишона оқибат ба либосҳои Хушдил Одил ҳам гузошт…
Онҳо посе аз шаб гузашта буд, ки ба қароргоҳи муваққатӣ расиданд. Бо амри Дороб Қамар ў либосҳои олудаи хун гаштаашро бо либосҳои нав иваз намуд, бехабар аз он ки Дороб Қамар ба ҷуз автомати Собит он либосҳоро ҳам баҳри собит намудани гунаҳкории вай пинҳон мекунад…


Баъди пўшидани дари фулодин Дороб Қамар пушти он лаҳзае лолу карахт монд. Рўшноии аз пушти панҷараи оҳанини болои дар ба дохил воридшаванда бо нурҳои хираи хеш манзили нави собиқ командири гурўҳи "Сипар" - ро равшан кардан мехост. Аслан нурҳои чароғаки барқии пушти дар офтоби паси пардаи абри ғафсро ба ёд меовард.
Дороб Қамар лаҳзае рост истод, то чашмонаш ба рӯшноии кунунӣ одат намоянд ва чун ҳамин кор ба ў даст дод, ду - се қадам пештар ҳаракат намуда, болои курсии чӯбине, ки пояҳояш ба фарш маҳкам карда шуда буд, нишаст.
Ба фикрам, бовар карданд… Ин аввалин саҳфаи дафтари хотироташ буд, ки ў худ онро варақгардон намуд. Аз он чи ки худам талаби прокурорро дидан намудам, кори бад нашуд.
Албатта, ў ҳам фикр мекардагист, модоме шахс худаш баҳри собит намудани дараҷаи бегуноҳиаш омадааст, пас ўро гуноҳе нест. Дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамин хел бошад. Аз бўйи сирпиёз он кас намеҳаросад, ки онро истеъмол накардааст.
Прокурор ҳам марди ҷаҳондида менамуд ва, албатта, сари ҳамин масъала андеша хоҳад кард. Тайи он муддате, ки бандаро муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ва ҳамроҳаш капитани милиса Сорбони Ҳомид тергав намуданд, бояд Ҷамилабону ба дари дафтари кории худи прокурор ангушт зада бошад. Агар ў бо худ он дугонаашро бурда бошад, нуран алонур шудааст. Ба банда ҳамон капитани милиса маъқул нашуд, на худаш ва на саволҳояш. Ўро чӣ мақсаду мароме дар дил буд, ман ҳам нафаҳмидам. То ҷое ман огоҳӣ дорам, прокуратура ҳокими мутлақи назоратии қонун аст.

пешина
аз 527
навбатӣ