Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Модоме ки Дороб Қамар чунин як паноҳгоҳро тарк намуда, ихтиёран ба милиса омадааст, ба андешаи банда ў фишорро аз тарафи милиса дарк намудааст. Аҷаб нест, ки ба чунин амал баъди шиносоӣ бо агенти муҳтарам даст назада бошад. Ба замми ин, худи расм ҳам боиси ба чунин амал даст задани вай гардиданаш мумкин. Чӣ бадӣ дорад, ки ў аққалан барои бегуноҳии хешро собит намудан ба милиса рӯй оварда бошад?
  • Бо ин амали хеш Дороб Қамар дасту пойи моро баст мефаҳмед?
  • На он қадар.
  • Куштор акнун чун тавқи лаънат дар гардани мо мемонад.
    -Ба ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам, рафиқ полковник.
  • Далел?
  • Тафтишот аз ду сар мўйро аз хамир ҷудо мекунад.
  • Кай?
  • Дар муҳлати муқарарнамудаи қонун.
  • Чӣ илоҷ? Модоме ки худи капитани милиса Сорбони Ҳомид чунин мешуморад, умед ба ояндаи нек мебандем. Худи ҳозир ба прокуратура ба назди муфаттиш Фирдавси Ҳаким равед.
  • Он кас маро даъват намуданд?
  • Не.
  • Пас рафтани ман чӣ лозим?
  • Чунки Асад Ғанӣ аллакай бо Дороб Қамар вохўрд.
  • Бо салоҳдиди худаш?
    -Не, бо талаби Дороб Қамар ва, албатта, аз натиҷаи вохўриаш ў муфаттишро огоҳ намудааст.
  • Ба фикрам, дигар аз қафои Дороб Қамар давидани мо шарт нест.
  • Чаро?
  • Чунки як нӯги гиреҳро мо аллакай аз даст додем. Акнун Дороб Қамар медонаду Асад Ғанӣ. Прокурор медонаду Фирдавси Ҳаким. Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад. Дигар кунда мекафад ё ҷувоз, ба мо фарқе надорад…
  • Пас куштори Фарҳод Замир чӣ мешавад?
пешина
аз 527
навбатӣ