Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Асад Ғанию Фирдавси Ҳаким ҳам мардони аноӣ нестанд, албатта, ягон фикр мекардагистанд.
- Майлаш, сабр мекунем, канӣ бинем чӣ мешавад? - гўён сарвари ШКД бо Сорбони Ҳомид худоҳофизӣ намуд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба дафтари кориаш омад, то дар танҳоӣ сари ҳодисаҳои рухдода андеша намояд.
Бубин шахсе, ки аз манзили панаҳбурдаи Дороб Қамар хабар додааст, ҳамагӣ як соат ва ё шояд аз ин ҳам камтар бой додааст. Чаро дар ин чанд рўз ў муҳри хомўшӣ ба лаб заду дар ҳоле ки гумонбаршуда нияти ба милиса рафтан намуд, ў низ хабар овард. Чаро? Дороб Қамар худ ба милиса омадааст ё ў ба фишор тоб наоварда, ба чунин амал даст задаст?
Сорбони Ҳомид бисёр мехост дар ин бора бо сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев суҳбат намояд, вале ин танҳо хоҳиш буду бас, чун хаёли хом. Тайи се шабонарўз тамоми кормандони фаврӣ аз пайи дарёфти Ёсуман гом мезаданд. Сардори бахш низ аз ин маърака дар канор набуд. Ва ҳамаи ин давутозҳоро сабабгор як кас шуд - лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф. Ба фикрам, худи лейтенанти калон ҳам чун ҳамаи мо корхона ба корхона Ёсуман кофта гаштааст…
Он рўз баъди маҷлиси назди Ҳамид Ҷовид сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ тамоми он нафаронеро, ки дар асоси фармон ба парвандаҳо аз болои сўхтор ва ба гарав гирифтани писарбача Шерзоди Хушдил шомил буданд, ба наздаш хонда, ба ҳар кадом минтақаи алоҳидаеро вобаст намуд. Ба Сорбони Ҳомид аслан минтақаҳои заводҳои вино, пиво, хишт, автобазаи рақами ҳафт ва ҳамаи идораҳои хурду бузурги ҳамин самт то ба хоҷагии ҷангали Қамчину Қиблаӣ вобаст карда шуда буданд. Ба ҷуз санҷиши “Формаҳои Т - 2" дар хоҷагиҳои Қамчину Қиблаӣ ва мактаби рақами 61, ки вай аллакай пой бар остонааш гузошта буд, дигар ҳамаро аз ғалбер гузаронид, вале бенатиҷа. Аз ғалладони мизи кориаш коғазу қалам гирифта, болои он андешаҳои хешро дар шакли мухтасар сабт намуд.
Аз он чӣ ки марги Фарҳоди Замир натиҷаи кори онҳоро фарсахҳо ба қафо партофт, Сорбони Ҳомид шакку шубҳае надошт. Барои ӯ танҳо як ҳолати кор муаммо буд, ба кадом мақсад ҷисми сарди Фарҳод Замирро баъди анҷоми қатл оварда, ба минтақаи онҳо партофтаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор