Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ин ҷо бошад, амри қатъии сардорро шунид. Сардор бошад, беҳуда садди роҳи корҳои вай намешавад. “Модоме ки ҷеғ зад, пас ягон кори муҳиме баромадааст,” - аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид ва аз санҷаи дари мактаб пас гашт…
- Ҳамаи корҳо расво шуд - ку? - баробари пой ба остонаи дафтари кории сардори ШКД гузоштан шунид вай эътирози Ҳамид Ҷовидро.
- Кадом корҳо?
- Ним соат пеш Дороб Қамар худаш ихтиёран ба қисми навбатдории раёсати шаҳрӣ рафтааст, мефаҳмед?
- Яъне, барои бо гуноҳаш иқрор шудан?
- Баръакс.
- Барои аз худ мусичаи бегуноҳ тарошидан гўед?
- Ба фикрам, ҳамин хел аст. То ҷойе, ки банда маълумот гирифтам, вай бо эътироз ба қисми навбатдории раёсати шаҳрӣ муроҷиат намудааст.
- Эътирози чӣ?
- Дар марги Фарҳод Замир даст надорад, мефаҳмед?
- То андозае.
- Ба замми ин, ана шинос шавед!
- Ин чӣ?
- Хабари таъҷилӣ дар куҷо панаҳ бурдани Дороб Қамар.
Сорбони Ҳомид он варақро аз дасти сардор гирифта, чашм дўхт. Дар хабар аз номи агент "Мария" омада буд, шахсе, ки аз рўйи расмаш дар қатли Фарҳод Замир гумонбар дониста мешавад, дар кўчаи Парвин, бинои 10, ҳуҷраи 34, ки ба Муъминова Ҷамила Холмуродовна мутааллиқ аст, панаҳ мебарад. Агент "Мария" ҳамчунин васии хешро бовар кунонидааст, ў бо шахсе, ки акнун расмаш кўчаю бозорро зеб медиҳад, суҳбат намудааст. Ҳангоми шиносоӣ бо вай он мард худро Нусрат гуфта муаррифӣ кардааст… - Бад не, - қоғазро болои мизи сардор гузошта гуфт Сорбони Ҳомид.
- Чӣ нағзӣ дорад?
- Ҳамааш.
- Ин суханонро ман аз забони шумо мешунавам? Ҳайфи мо барин милиса, шумо бошед ҳамааш нағз мегўед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор