Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Тафтишот муайян хоҳад кард. Агар тағоятон дар ин кор даст надошта бошад, касе онро ба душаш бор карда наметавонад, вале барои ҷиноятҳои дигараш бояд ҷавоб диҳад.
- Мефаҳмам.
- Рафту агар дар бораи тағоятон маълумоте ба даст овардед, метавонед ба милиса занг занед, ин на танҳо ба манфиати ў, балки ба манфиати шумо ҳам ҳаст.
- Гуфтам - ку, мо муносибати наздик надорем, вале ба хотири руҳу арвоҳи модарам банда хостам, ки вайро аз хатари ба ў таҳидид намуда огоҳ созам.
- Ба фикрам, шумо то кунун тағоятонро дуруст нашинохтаед?
- Чӣ хел?
- Аз рўйи таҷрибаи дар ин солҳо андӯхтааш тағоятон ҳаракати мушро аз як фарсах роҳ ҳис мекунад.
- Ин чӣ хел таҷриба будааст?
- Беҳтар мешуд, ки дар ин бора аз худи тағоятон мепурсидед.
- Агар вохўрӣ бо вай насибам гардад, албатта, мепурсам.
- Дар амони Худо бошед.
- Худо ҳофиз, - гўён Шамси Солеҳ аз дар баромад.
Омадани Шамси Солеҳ ин аввалин акси садое ба овози милиса шуд, вале нишондоди ҷиян тарбузро аз бағали милиса афтонид. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ вазъи ба вуқуъпайвастаро дар тарозуи хаёл баркашид, аммо мувозинати вазнро дар паллаҳои тарозу нигоҳ дошта натавонист. Ду шабонарўзи охир ба ҳамаи бахшҳои шиносномадиҳии навоҳии тобеи марказ мактуби расмӣ бурда, акнун интизори омадани ҷавобҳо буд, ки… Ба ҷойи хабаре аз Ёсуман худи Шамси Солеҳ омад, мисли оне ки "Ситора бахтро аз Кўлоб ҷусту қосидаш аз Балх омад."95 Дар нимаи дуюми рўз аввалин нишонаҳое аз Ёсуман ба дасти Сорбон Ҳомид расид. Дар рўйхати аз бахши шиносномадиҳии ШКД ноҳияи Сарчашма, ки ҳамагӣ чанд қадам аз бинои асосии милиса дар шафати бозори "Деҳқон"
95 Шеъри Ситора Қурбонова “Бахтро ҷустам зи Кулоб, Қосидам аз Балх омад” дар назар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор