Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ман гуноҳе надорам ва ҳар он чӣ ки гуфтам, ҳақ асту рост.
- Набошад, илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ. Ба милиса раву ҳар он чи ки ин ҷо бо ман гуфтӣ, боз ба онҳо бигўӣ.
- Пас ҳоли тағоям чӣ мешавад?
- Намедонам, вале аз он чи ки худат гуфтӣ…
- Гап занед, - шеф.
- Ба фикрам, Фарҳод Замир ба ҷуз худат боз аз каси дигар ҳам мадад хостааст, ё кӣ медонад аз чанд кас? Агар нафаре аз онҳо тағоятро огоҳ намуда бошад - чӣ?
- Намедонам.
- Аҷаб нест, ки тағоят ҳам гунаҳкор набошад?
- Маро ба ҷуз милиса рафтан дигар роҳе нест?
- Агар худат он роҳро дида бошӣ, банда роҳи дигареро надида истодаам, - ба суханаш нуқта гузошт "пири кор".
Шамси Солеҳ бо ў хайрухуш намуд. Боз ҳам ҳеҷ нафаҳмид, ки чаро ба милиса мерафтааст, модоме ки гуноҳе надорад. Хайр чӣ, Фарҳод Замирро чун девонае дар кўча дидам? Гуноҳи ман ҳамин, ки вайро аз байни андешаҳояш берун овардам ва боз соате вақти қимати хешро қурбони шунидани сафсатагўиҳояш намудам?
Дар асоси суханҳои "пири кор" Шамси Солеҳ ба ШКД ноҳияи Сарчашма рафт…
- Марҳамат, нишондодатонро хонед, агар тағйироту иловае ба он надошта бошед, ба зераш имзо гузоред, - гўён Сорбони Ҳомид нишондоди Шамси Солеҳро ба дасташ дод.
- Дар куҷо имзо намоям?
- Шумо аввал онро хонед!
- Ман ба шумо бовар мекунам, - гўён ў дар он ҷойҳое, ки капитани милиса ишора карда буд, имзо гузошт.
- Шумо озод!
- Акнун чӣ мешавад?
- Агар дар ҳақиқат аз ҳамин нишондодатон қадаме берун нагузошта бошед, метавонед осуда бошед.
- Ман ҳеҷ бовар намекунам, ки тағоям ба чунин ҷиноят даст зада бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор