Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

воқеъ буд, расида ному насаб, солу моҳу рўзи таваллуд, ҷойи таваллуду ҷойи зисти ҳафтоду шаш Ёсуман навишта шуда буд.
Аввали рўйхат аз Қаландарова Ёсуман соли таваллудаш 1914 сар мешуд. Маълум ки кормандони бахши шиносномадиҳӣ ба номаи расмии аз номи сарвари ШКД ирсолшуда ба таври бояду шояд аҳамият надоданд, вагарна чӣ лозим номи занеро, ки садсола мешавад дар рўйхат навиштан. Чунин муносибатро ба вазифаи хизматии хеш ба ҷуз хунукназарӣ дигар хел арзёбӣ кардан ғайримикон буд. Ин баробари он буд, ки ба касе овардани салларо амр диҳию ў баҳрат салларо якҷоя бо кала ҳозир намояд. Сорбони Ҳомид он рўйхат бигирифту аз бинои милиса берун шуд. Чун дид, ки дар қабулгоҳи сардори бахши шиносномадиҳӣ чанд нафаре бо арзу шикояти хеш омада буданд, ў дар роҳрав сабр намуд ва танҳо бо даъвати сарвари бахш, ки худаш шоҳ буду таъбаш вазир ворид шуда он қоғазҳоро болои мизаш гузошта, ҳайфи шумо гуфту баромада рафт.
Соате пас он рўйхатро боз оварданд, ки ҳамагӣ номи панҷову се Ёсуман онро зеб медод. Баъди азназаргузаронии рўйхат капитани милиса оҳи сабуке кашид, чунки ҳамаи ному насаби дар рўйхат овардашуда дар асоси талаботи номаи ирсолшуда буданд. Сардори бахши шиносномадиҳӣ, ки хешованди кадом калоншавандаи вазорат буд, ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда буд, ки рўзе мешаваду кадом як капитане чун гурба ба рўяш чанг мезанад. Шояд вай гумон дошт, ки ҳама чун худаш арзу шикоятро ба сардор мебаранд.
Агар чунин мешуд, ҳазор бор беҳтар буд, чунки танҳо Ҳамид Ҷовид кию чӣ будани ҷияни калонро медонист ва, албатта, дар гуфтани сухан андеша мекард. Ин ҷо бошад, кадом як капитани милисае бархилофи ҳама гуна дастурамал ўро ранҷонид.

  • Ана барои чӣ вай дар як вазифа шах шуда мондааст,- баробари баргаштани шогирдаш, ки дуюмбора рўйхатро бурдаву баргашта буд, андешаҳои хешро гуфт ӯ.
  • Капитани милиса Сорбони Ҳомид якравӣ дорад, вале марди безиёнест, - ба ҳимояи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бархест шогирд.
пешина
аз 527
навбатӣ