Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Маҳз аз ҳамин хотир ҷавонзан бисёр мехост, ки меҳмон дар замири хеш кунҷаке баҳри ӯ ҷудо намояд. Не, ў дар талоши он набуд, ки собиқ ҳамсояро аз зану фарзандонаш ҷудо намояд. Дар ин ҷода Ҷамила зани қаноатпеша буд ва рафту агар собиқ ҳамсоя гоҳгоҳ ёди ў ҳам мекард, сараш ба осмон мерасид, вале…
Ҳамсояро чӣ фикру хаёле дар сар буд, ў намедонист. Тайи ин муддат ў дарк намуд, ки ҳамсоя ҳамеша нигоҳашро аз нигоҳи вай мегурезонад, чаро? Ба ин савол ў ҷавоб наёфт.
Агар дар ин муддат меҳмони вай дигар кас мешуду баҳри хомўш намудани алангаи аз замири вай бархоста чорае намедид, кайҳо кафшҳояшро пеши по мемонд.
Ҷамиларо Марҳабо ном дугонае буд, ки дар муҳаббат худро Эйнштейн94 меномид. Гурусна бо шер задаст гуфтагӣ барин, субҳи рўзи чорум вақте, ки соҳибхона меҳмонро танҳо гузошта, баҳри овардани майда - чуйдаҳои рўзгор ба бозор рафт, сари қадам ба манзили Марҳабо даромад. Марҳабо омад - омади “меҳмон” - ро интизорӣ мекашид ва Ҷамиларо ба ҷуз аз санҷаи дар қафо баргаштан дигар чорае набуд.
- Хавотир нашав, Ҷамилабону, фардо субҳ ман худам ба манзили ту ташриф меорам ва чашми меҳмонатро мекушоям, суханони меҳмони нохондаро шунида, ўро дилбардорӣ намуд Марҳабо ва дар кадом вазъ қарор доштани хешро бори дигар ёдовар шуда, дугонаашро гусел намуд, бехабар аз он ки дарё худ маҷрояшро мегирад…
Баъди бозгашт аз бозор ў собиқ ҳамсояро дар ҳолати сархушӣ дарёфт. - Ҷамилабону, бубахш, ки ман каме нӯшидам, - ба шишаи коняки панҷситорадори арманӣ, ки Ҷамила моҳе пештар барои рўзи мабодо оварда буд, ишора намуда гуфт меҳмон.
- Нўши ҷон шавад,- бори аввал нигоҳи меҳмонро бо нигоҳи хеш пайваста гуфт соҳибхона.
- Шояд шумо ҳам?
- Магар ман метавонам, ки сухани ҳимоячии хешро рад кунам? - хандида гуфт Ҷамила ва чун нигоҳи меҳмони
94 Эйнштейн – ба маънои инсони ҳамадон омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор