Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ба ҳамон фотороботе, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат рўйи варақ омадааст. Боварӣ ҳаст, ки мардум низ вайро хоҳанд шинохт. Пешниҳод мекунам, ки расми мазкур ҳаҷман калон карда шавад ва онро дар ҷойҳои сераҳолӣ бо навиштаҷоти "Диққат ҷустуҷў! Ҷинояткори хатарнок" - ро гузорем.
- Рафту онҳое, ки пули гумшударо ҷустуҷў доранд, ба марра аз мо дида наздиктар бошанд - чӣ? - савол дод Асад Ғанӣ.
- Ба гумон аст.
- Ташаккур, рафиқ капитан, марҳамат шинед, - гўён Асад Ғанӣ сухани охиринро ба Ҳамид Ҷовид дод. Сардори ШКД фикру андешаҳои пешниҳоднамудаи Сорбони Ҳомидро бо баъзе иловаю тағйирот, дастгирӣ намуда, ба суҳбат хотима гузошт…
Ёр ёре дораду аз ёри ёр андеша кун… Вазъи ба вуқўъпайваста худ тақозо мекард, ки меҳмон андозаи хеш нигоҳ дорад, ё худи меҳмон аз сардию гармиҳои рўзгор дуруст баҳра бардошта буд…
Новобаста аз он ки пайкони муҳаббат кайҳо қалби Ҷамиларо шикофта буд ва ў тайёр буд, ки бо аввалин ишораи меҳмон худро таслими вай намояд, вале аз кўҳ садо омаду аз меҳмон не. Дороб Қамар ҳангоми суҳбат бо соҳибхона ҳамеша нигоҳашро ба замин медўхт, то ки нигоҳаш ба чашмони ҷаззобу бозингари духтар наафтад, то ў ба васвасаи шайтон дода нашаваду иззати меҳмонии хешро аз даст диҳад ва ё бо ҳамин гуноҳ соҳибхона ўро пушти дар накунад.
Се шабонарўз зан ҳамчун чӯби тар дарун ба дарун сўхт, вале боз ҳам сабру таҳаммулро пешаи худ қарор дод. Дар тафаккури вай чандин маротиба нафрати ў бедор гашт, вале ҳамон рафтори ҷавонмардонаи мард, ки замоне номусашро ҳифз намуда буд, бар сари андешаҳояш ғолиб омад.
- Пеши доно нараву пеши корафтода рав, - ба ёд овард ў суханони холаи Муҳаббатро ки ў низ замоне вайро аз макри зани даллае ҳифз намуда буд.
Муҳити ҳозирае, ки Ҷамила қарор дошт, аз муҳити онвақта аз замин то осмон фарқ мекард. Новобаста аз он ки меҳмон зану фарзанд мекард, вале рафтори ҷавонмардонаи ў дили Ҷамиларо ба туғён оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор