Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сархушро дарёфт, бо чашмони бозингари хеш тиреро дар қалби фариштаи нигоҳбонаш ҷо ба ҷо намуд.
Қадаҳо яке паси дигаре холӣ шуданд ва боз кабоб омаду аз нав шароб, то замоне ки ҳарду шарму ҳаёро пеши по заданд. Ҳамаи андешаҳои то ба ин дам дар майнааш даврзанандаро меҳмон ботил шумурд ва даст ба камарбанди Ҷамила андохт. Ҷамила ҳам дунёро фаромўш кард ва хеле баъд нигоҳашро ба фарш дӯхта гуфт:

  • Ин чӣ коре буд?
  • Маро бубахш.
  • Кори хуб нашуд, охир ман ба номи шумо қасам мехўрдам.
  • Ҳамааш аз касофатии ҳамин, - меҳмон ба шишаҳои холишудаи болои миз ишора намуд.
  • Барои ҳамин ҳам вайро ҳаром ҳукм карданд, - афсўс хўрда гуфт Ҷамила.
  • Шояд ман равам?
  • Ба куҷо?
  • Намедонам охир, ман…
  • Дар ин ҷо гуноҳи ман ҳам кам нест.
  • Чӣ хел?
  • Нўшиданам лозим набуд.
  • Хуб мешуд, ки бандаро барои носипосиам пеш мекардӣ?
  • Ҳаргиз.
  • Яъне, ки гуноҳи бандаи гандаро авф намудӣ?
    Ҷамила хомушона худро дуюмбора ба оғўши меҳмон андохт.
    Шом шуд ва аз паси он боз саҳар омад. Дар ҳоле ки ҳанўз ҳарду дар бистари муҳаббат ғел мезаданд, садои занги дар баланд гардид. Соҳибхона пушти дар рафт ва аз чашмак ба берун наззора намуд. Марҳабо пушти дар рост меситод.
    Ҷамила чӣ кор карданашро намедонист. Дар вазъе, ки собиқ ҳамсояаш қарор дошт, кушодани дар ба рўйи дугона ҳам баҳри вай хатарнок буд, вале… Соҳибхона кӣ будани хешро нишон додан хост. Бигузор фаҳмад, ки Ҷамила ҳам аноӣ не, ҳарчанд ў Эйнштейн ҳам нест, вале марде имшаб ними бистарашро гарм кард ва аз рӯйи худнамои калидро тоб дода, дарро ба рўйи Марҳабо боз карда, ўро ба хона таклиф намуд.
пешина
аз 527
навбатӣ