Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷомии Шариф дарро аз самти муқобил баст, Воҳид Камол дубора сари ҳамон саволе баргашт, ки ҳамагӣ се - чор соат пеш сабаби асосии нокомиҳои моро пурсон шуда буд ва ман низ боз бо ҳамон каломи пешин ба саволҳои эшон посух гуфта илова намудам, ки дар рафти суҳбат бо Сабоҳати Комил ва Комрони Нодир ба хулосае омадам, ки ҳарду ҳам чизеро аз тафтишот пинҳон намуда истодаанд.
-Яъне, ба андешаи шумо ҳарду ҳам дурӯғ мегӯянд?- дигарбора пурсид сарвари коргоҳ.
-Ҳамин хел, рафиқ полковник.
-Кори мо, рафиқ майор, ин қилро аз хамир ҷудо кардан аст ва дурӯғ гуфтанро ҳам шояд сабабе ҳаст. Пас агар чунин аст, шумо собит намоед, ки онҳо дурӯғ гуфта истодаанд.
Рафту ин кор ба шумо даст диҳаду дурӯғгӯӣи онҳоро собит намоед, ҳарду ҳам мисли муттаҳамҳои тамоми ҷаҳон чун булбул ба “сурудхонӣ” хоҳанд даромад.
-Шуморо фаҳмидам.
-Гумон мекунам, ки омӯзиши кору бор ва рӯзгори ҳар як нафари бо ҳодисаи мазкур дар алоқа қарор дошта аз манфиат холӣ нахоҳад буд, ба суҳбат нуқта гузошт Воҳид Камол ва мо худоҳофизӣ намудем.


-Бе асос дурӯғ намегӯянд, вале барои ин дурӯғро собит намудан моро лозим аст , ки ба ҷуз омӯзиши ҳолномаи рӯзгори Мижгони Файз аз пайроҳаи рӯзгори дигар иштирокчиён низ қадам занем... Аввалин шуда аз сари ин пайроҳаи қисмат Сабоҳати Комил баромад. Сабоҳат дар оилае таваллуд шуда, ки волидайнаш ба дунё омадани ӯро беш аз панҷ сол интизорӣ кашида ва маҳз ба дунё омадани вай риштаҳои рӯ ба сармо овардаи муҳаббатро аз кандашавӣ ҳифз намуда. Тайи панҷ соле, ки танӯри синаи модар аз нон холӣ буд, бадгӯён борҳо кушиданд занро дар чашми шавҳар ва шавҳарро дар чашми зан ба безуриётӣ муттаҳам сохта, оташи ишқро дар хонадонашон хомӯш намоянд, вале зану шавҳари ҷавон сабру таҳаммулро пеша намуданд ва дар соли шашуми зиндагии якҷоя самари боғи муҳаббатро ба даст гирифтанд. Падар номи фарзанди деринтизорашро ба хотири руҳи модараш, ки дидани рӯйи набера муяссараш нагашт ва ҳама орзую омолашро ба хок бурд, Сабоҳат гузошт.

пешина
аз 527
навбатӣ