Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То лаҳзаи кушодашавиаш ҳодисаи мазкур чун устухон дар гулӯи ҳар як аъзои гурӯҳи тафтишотӣ боқӣ мемонад, вале иҷроиши он дар намуд ва шакли дигаре мисли иҷроиши “супориши ҷудогона” - и муфаттиш роҳандозӣ карда мешавад ва тамоми бори “Парвандаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ “ минбаъд ба души нафаре меафтад, ки сарвари милиса дар гӯшаи тарафи чапи нусхаи “Қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноӣ”, ки муфаттиши прокуратура фиристодааст, ному насаби нафареро сабт намояд. Пеш аз имзои хешро ба чунин ҳуҷҷат гузоштан сарвари милиса сари номзади нафаре, ки чунин масъулиятро ба душаш мегузорад, борҳо андеша хоҳад кард, то дар интихоби “усто” ба хатое роҳ надиҳад, чунки “Парвандаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” ин дастгоҳи харротӣ нест, ки ба ҷойи харроти ноуҳдабаро харроти дигареро пушти он гузорӣ...
-Бад не, вале...
-Вале чӣ, рафиқ полковник? - аз байни андешаҳо берун омада пурсидам ман..
-Оё гуфта метавонед, ки ин ҳамон шиша аст?
-Умед ба анҷоми неки кор мебандем, - гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф
-Ин ҳанӯз ҷавоб нест.
-Дар ахлотқуттӣ мо далелеро аз ин наздиктар ба олоти ҷиноят пайдо карда натавонистем.
-Боз нашаваду ҳодисаи Парвина Қамар15 такрор шавад?
-Чунинашро ҳам инкор карда намешавад.
-Пас агар чунин аст, шумо, рафиқ лейтенанти калон, ба назди муфаттиши прокуратура равед ва ҳарчӣ тезтар далелҳои шайъиро ба ЭКО16 фиристед!
-Итоат, рафиқ полковник, рухсат диҳед...
-Равед, равед, - гуфт сарвари милиса ва бо даст ба тарафи банда ишора намуд, ки боз лаҳзае тағофул намоям ва чун

15 Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “Ҷадвали тақдир.”
16 ЭКО – Шуъбаи ташхиси криминалистӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ