Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун дар ин шаби тор, дар ҳоле ки мошин бо нурҳои оташбори хеш пардаи зулмотро дарида пеш мерафт, вай сари суханони шунидааш дар бораи он писарбача андеша намуд.
Бибиаш (илоҳо рўҳаш шоду манзили охираташ обод бошад) ҳамеша таъкид мекард, ки "даҳони гўсоларо банду аз қафои модараш сар деҳ". Имрўз дар бораи он бачаи ятиммонда суханони мардумро шунида, нисбати модари угай нафраташ омад, вале ҳамоно назди даргоҳи Худованд тавба кард. Охир модари угай ҳам модар аст, айби вай нест, ки Қодир бо ў забон ёфта наметавонад. Сорбони Ҳомид дар умри кӯтоҳи хеш даҳҳо модарони угайро дидааст, ки фарзандони шавҳарро ҳамчун фарзандони хеш бо оби набот парварда, вале ҳеҷ гоҳ писари угай меҳри хешро нисбати зане, ки дову дастгоҳи модарашро соҳиб шудааст, нишон надода…”Ҷигар ҷигар асту дигар дигар” - мегўянд дар урфият. Агар модари угай ҷонашро ҳам фидои фарзанди угай намояд, ў ҳеҷ гоҳ маҳбуби хонадон нахоҳад шуд. Ба таври дигар гўем, сағира ба мақсад мерасаду сағирапарвар не…
Шояд баҳри рафъи хоб бошад, ки ронанда тамоку даргиронд, ҳарчанд Сорбони Ҳомид бўйи тамокуро хуш надошт, вале ўро тоқат мебоист. Капитани милиса ҳам акнун бояд чун Қодири Ашўр ба вазъи ба амал омада тоқат мекард.
Дигар хел шуданаш ғайри имкон буд. Ў, ки худ аҳён-аҳён тариқи мошин ба сафар мебарояд, дарду доғи ронандаро аз куҷо донад. Аксари ронандагон тариқи тамоку хумори хоби хешро мешикананд…
Сорбони Ҳомид тирезаи паҳлуи мошинро каме паст фароварду боди серуне сару рўяшро сила намуд. Мавҷи хаёлоти аз Файзбор овардааш бо он боди ба сару рўяш бархўрда омехта гардид. Гирдоби андешаҳо вайро чун мавҷи пуртуғёни дарёчаи кўҳӣ чандин фарсахҳо ба пеш партофт. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чӣ шуду Дороб Қамар он писарчаи ба гарав гирифтаи шербачаҳояшро озод кард. Аз маълумоти нав ба даст овардааш ба хулосае омад, ки Дарвеши Мўсо ва Дороб Қамар ҳарду як нафаранд. Таҳлили чандинкаратаи рафти воқеаро Сорбони Ҳомид дар мизони ақл баркашида, ба хулоса омад, ки Шерзоди Хушдилро дар замоне аз боғча рабудаанд, ки худи роҳбари гурўҳ дар Файзбор ҳамчун намояндаи "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" ашёи хоми мардумро ба ҳисоб гирифта, ҳамзамон чун корманди таъҷилӣ дар ҷустуҷўи он дипломати гумшуда будааст.

пешина
аз 527
навбатӣ