Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Фирдавси Ҳаким бо қалби хеш баҳс накард, чунки вай хатои худро фаҳмид, фаҳмид кореро ки Сорбони Ҳомид дар ин чанд рўз анҷом додаст, дигарон дар як моҳ анҷом нахоҳанд дод…
Расо баъди бистучор соат Сорбони Ҳомид ноҳияи Файзборро тарк намуд. Дар ин муддати кӯтоҳ ў бисёр маълумот ба даст овард. Акнун боварии комил дошт, ки Хушдил Одил пулро фиристодааст ва он дипломат дар дасти нафаронест, ки писарбачаи фирорӣ онҳоро дидааст.
Соате пештар капитани милиса Муртазо Дўст вайро аз сари роҳи калон ба мошини тамғаи "Тайота," ки шомили кадом ташкилоти гуманитарие будааст, шинонда, баҳраш роҳи сафед орзу намуд. Ҳоло мошин бо чароғакҳои оташбори хеш пардаи торикиро дарида, ба пеш ҳаракат дошт. Чун ронанда ҷавони ниҳоят камгап буд, Сорбони Ҳомид вайро ба ҳоли худаш гузошт…
Қариб даҳ соат ў хамроҳи капитани милиса Муртазо Дўст бо чандин нафар сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи ноҳия вохўрд. Хушбахтона, Муртазо Дўстро мошини шахсиаш буду онҳо дақиқаеро ҳам беҳуда сарф накарданд. Сараввал ў дар мактаб, дар ҳузури муаллиме бо писарбача Қодири Ашўр суҳбати расмӣ дошт. Аз ҳама муҳимаш, ки нишондоди имрўзаи вай аз нишондоди пештарааш фарқияте надошт.
Сорбони Ҳомид рафти суҳбати расмии хешро бо Қодири Ашўр ба диктафон сабт кард. Капитани милиса бо ин писараки ёздаҳсола, ки вайро хоҳарчае низ будааст, суҳбат намуда истода фаҳмид, ки Қодири Ашўрро рафтору гуфтораш чун калонсолон аст ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки дасти шахшӯли зиндагӣ чун путк ба сараш задаву модарашро аз вай рабуда…
Писарбача дар бораи зиндагии хеш шикояте накард ва ҳар он чӣ ки вай дар бораи Қодир фаҳмид, аз забони Муртазо ва устодони мактаб, аз забони онҳое фаҳмид, ки ҳамарўза бо ў сару кор доранд. Ҳамагон гуфтанд, ки Қодир дамдузд шудааст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор