Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегўянд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ ва Фирдавси Ҳаким дар андешарони нисбат ба милиса аз ҳампешагони хеш монданӣ надошт. Маҳз ҳамин андешаҳои ботил ин субҳ ўро ба дафтари кории Асад Ғанӣ бурд, вале баръакси гумонҳои ў прокурор ҷомаашро ин даъфа чаппа пўшид. Тайи панҷ рўзи охир ў омадани ваколатдори кофтукови ҷиноятиро интизор шуд, вале аз ў на пай буду на ҳайдар. Худаш наомад, вале он расмҳои аз рўйи суханони Озодаи Шафоат рўйи саҳна омадаро ҳам ба муфаттиш нафиристод. Ҳамаи ин кам буд, ки боз худи Асад Ғанӣ вайро пуштибон шуд.
Рафтори сарназоратчии қонун, ки то кунун парвандаи ҷиноиеро бе пешниҳод аз болои милиса ба суд нафиристода буд, ин даъфа вайро ба андеша водор намуд. Шояд зери коса нимкосаест, ки вай намедонад. Ба ҳамин хотир баҳри муайян намудани ҳолатҳои аслии кор Фирдавси Ҳаким ба милиса омад. Чун аз навбатдор дар куҷо будани Сорбони Ҳомидро пурсон шуд, ҳамоно ба пурсиши хеш посух гирифт, ки капитани милиса Сорбони Ҳомид субҳи ҳамин рўз ба ноҳияи Файзбор рафтааст.
Суханони навбатдор таваҷҷуҳи вайро дар атрофи фаъолияти кории Сорбони Ҳомид бештару бештар намуд, ки ин даъфа ў ба дари дафтари кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев ангушт зад. Аз ў бисёр чизҳоро фаҳмид. Фаҳмид, ки тайи ин муддат, ки капитани милиса вайро ба гўшаи фаромўшӣ додааст, писарбачаеро ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим аз дасти гаравгонон наҷот додааст ва дар ин бора Асад Ғанӣ маълумоти муффассал дорад. Тайи ҳамин панҷ рўзи охир ў ба Сағирдашт рафта, дар маросими видоъ бо бибиаш иштирок намудааст.
Тайи ҳамин рўзҳо бо супориши сарвари ШКД вай барои ба даст овардани маълумоти иловагӣ аз болои онҳое, ки писарбачаи шашсоларо ба гарав гирифта буданд, ба ШКД ноҳияи Файзбор сафар намудааст…
“Ҳайфи ту!” - нидо омад аз қалбаш.

пешина
аз 527
навбатӣ