Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Итоат, рафиқ майор! - аз ҷой бархеста ба таври расмӣ гузориш дод Муртазо Дўст.
  • Рафиқ капитан, метавонед аз пайи кор шавед, - ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт сардор.

Ваъдаи Сорбони Ҳомид оид ба ташриф ба прокуратура мақоли халқии "Гапи хона ба бозор рост намеояд" гуфтагӣ барин шуд. Ҳарчанд муфаттиш Фирдавси Ҳаким нисбати ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ эҳтироми беандоза дошт, вале дар интиҳо ў низ сабуриро аз даст дод.
Асад Ғанӣ шикояти зердасташро аз болои корманди милиса Сорбони Ҳомид шунида гуфт:

  • Ҳеҷ гап нашудааст.
    Фирдавси Ҳаким инро интизор набуд. Асад Ғанӣ, ки ҳамеша аз зери нохуни милиса чирк мекофт, ин даъфа ба шикояти аввалин ва шояд охирини муфаттиш аз паси панҷа нигарист.
    Муфаттиш аз дафтари кории сарнозири қонун бо дили ранҷур баромад. Чун вай аз дари қабулгоҳ берун шуд, дар пешайвони васеву барҳавои ошёнаи дуюм дар рў ба рўйи дари қабулгоҳ назараш ба навиштаҷоти зебое, ки бо ҳарфҳои зарҳалин оварда шуда буд, афтид:
    Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст, Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.
    Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст…
    Ҳарчанд муносибати худи муфаттиш бо милиса бад набуд, вале дар асл кормандони прокуратура ҳамеша худро дар нисбати ҳамкасбони дигарашон (милиса дар назар аст), ки синаи хешро ба муқобили олами ҷиноӣ бештар сипар намудаву натиҷаҳои дилхоҳтареро ба даст меоварданд, як сару гардан боло мегузоштанд. Маҳз ҳамин муносибат аксар вақт ба нафъи олами ҷиноӣ буд, чунки онҳо ҳам нағз мефаҳмиданд, ки прокуратураю милиса дар мубориза алайҳи онҳо ҳаргиз аз як гиребон сар бароварда наметавонанд.
    Ҳамаи инро сабаб он аст, ки яке (прокуратура дар назар аст) худро ҳокими мутлақ ҳисобида, аз хизмати дигаре чун ғулом (милиса дар назар аст) истифода бурдан мехоҳад, ҳол он ки худи олами ҷиноятӣ аз ҳамин ғулом бештар метарсад.
пешина
аз 527
навбатӣ