Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Муртазо Дўст ин ҳамон нозирест, ки Қодири Ашўр сирри ниҳони хешро баҳри вай арзонӣ дошта?
- Худи худаш.
- Шумо худ дар бораи нишондоди ҳамин писарбача чӣ андеша доред?
- Сараввал шахсан ман ба гуфтаҳои Қодири Ашўр боварӣ надоштам, вале баъди ташрифи он корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистон ," ки пардапӯшона дар бораи он сангчарх маълумоти бештаре ба даст оварданӣ шудааст, нигоҳам ба ҳодисаи мазкур ба куллӣ тағйир ёфт. Ман то ҳол фаҳмида наметавонам, ки кадом як коргари ширкати коркарди пашму пӯст ин қадар моҳирона нақши хешро бозидааст. Хайрият, чашму гўши мо дар маҳал мақсади аслии вайро аз таги ниқоб ҳам бошад, пай бурдаанд.
Танҳо боиси таассуф аст, ки мо сари вақт хабарро гирифта натавонистем. Бояд иқрор шуд, ки ҳатто баъзе кормандони милиса низ дар иҷрои вазифаи хизматии хеш ба Дарвеш Мўсо дастобгир шуда наметавонанд…
Ҳикмат Зариф боз чизе гуфтан мехост, вале касе ба дар ангушт зад. - Марҳамат, - овоз рӯшан намуд майори милиса.
- Мумкин? - дарро кушода лаҳзае таваққуф намуда пурсид нафаре, ки ба дар ангушт зада буд. -Бубахшед, ман нафаҳмидам, ки шумо меҳмон доред…
- Марҳамат дароед, мо худи ҳозир шуморо ҳамроҳи меҳмон ёд намудем.
- Маро?
- Ҳа, шуморо. Марҳамат, шинос шавед!
- Капитани милиса Муртазо Дўст, - ба тарафи меҳмон, ки акнун ба истиқболаш хеста буд, даст дароз намуда гуфт нозир оид ба корҳои ноболиғон.
- Капитани милиса Сорбони Ҳомид, ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД - и ноҳияи Сарчашма.
- Марҳамат гузашта шинед, - таклиф намуд соҳиби дафтари корӣ ва ҳарду капитан дар рў ба рўйи якдигар нишастанд.
Ҳикмат Зариф мақсади ташрифи меҳмонро ба зердасташ фаҳмонида, супориш дод, ки аз ҳамин лаҳза ў танҳо ба капитани милиса Сорбони Ҳомид итоат мекунад ва ҳар як талабу дархости меҳмон баҳри ў характери ҳатмӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор