Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Шояд онҳоро ба ҷуз Дороб Қамар боз сарварест, - аз дил гузаронид ў. - Не, агар онҳоро сарваре мебуд, ҳаргиз Дороб Қамар чун муш аз Файзбор фирор намекард.” Сорбони Ҳомид дар давоми рўз ҳатто ба шуъбаи алоқаи ноҳия ҳам ташриф овард, вале, мутаассифона, дар бораи миҷози онрўза ба ҷуз он ки вай бо кадом рақами телефон гап задаст, дигар маълумоте ба даст оварда натавонист. Рақами телефони мобилӣ бошад, аллакай ба вай шинос буд, ки он ҳам бошад, ба номи Сайф Насим номнавис шудааст. Ин ҳамон рақаме буд, ки сабти овози Дороб Қамарро "раёсати махсуси милиса" ба диктофон сабт намудаву ба онҳо пешкаш кард, ҳарчанд бо гуноҳи худи онҳо амалиёт шикаст хўрд.
Шикасти амалиётро Сорбони Ҳомид, пеш аз ҳама, дар он медид, ки онҳо қувваи рақибро, дурусттараш донишу малакаи онҳоро ба инобат нагирифтанд. Бубин, дар костюми тақдимнамудаашон ба он майзадаи ҳамсоя жучок ҷой намудаанд, модоме ки тугмачаи сеҳрнокро дороянд, пас канӣ кафолат, ки онҳо аз дигар намудҳои алоқа бархўрдор набошанд?
Ронанда қисми охирини тамокуи сӯхтаро аз т ба берун ҳаво дод. Лаҳзае пас Сорбони Ҳомид тирезаи паҳлуи хешро бардошт. Мошин, кўҳу камарро пушти сар намуда, ба дашти ҳамвор баромада буд ва маҳз зиёд шудани суръати он боиси фишори зиёди шамол гардид. Сорбони Ҳомид боз ба андеша рафт: “Рафту агар Сайф Насим ва вай худозадаи дигарашро ба ҷуз Дороб Қамар сарваре мешуд, супориши охиринро дар бораи шабона ба назди вай ҳозир намудани Хушдил Одил Дороб Қамар намедод…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Сарчашма аз он дар шигифт буд, ки кормандони ШКД-и ноҳия Файзбор баъди гирифтани хабари ноболиғ Қодири Ашўр барои муайян намудани шахсияти он ду нафаре, ки савори таксӣ шуда рафтанд, талоше наварзидаанд, ҳол он ки ин амал чандон душворие ҳам надошт, зеро ҳамагӣ чанд километр болотар аз ноҳияи Файзбор ва боз дар даромадгоҳи ноҳияи ҳамсоя дидбонгоҳи шабонарўзии БДА амал мекунад.

пешина
аз 527
навбатӣ