Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Балки чӣ?- каме ранҷида пурсид командир.
  • Гунбази ақлу хирад, ҳа гунбази ақлу хирад, шеф.
  • Ман бе шумоён ҳеҷам, мефаҳмӣ, ҳеҷ.
  • Мо бошем бе шумо…
  • Пешхизмат!
    Духтари дар хизмат буда баробари шунидани ин овоз ба тарафи мизи Дороб Қамар, ки тайи се соати охир онро ба иҷора гирифта буд, омад. Ӯ бо пешхизмат ҳисобӣ намуду ҳарду аз тарабхона берун шуданд. Офтоб кайҳо аз қиём гузашта, вале то шаб боз чанд соат вақти дигар буд. Чун нақшаи амалиёт бо тамоми ҷузъиёташ ба гўши сержант даромада буд ва баҳри иҷрои он Сайф ҳатто аз нўшидани шароб даст кашид, дар чорроҳаи аввалин ҳарду ба самтҳои муқобил ҳаракат намуданд…

Субҳи рўзи дуюми баъди бозгашт аз Сағирдашт Ҳамид Ҷовид гурўҳи фавриро ба ҳузур пазируфта, ба таҳлили шикасти амалиёти "Пайкон" пардохт. Ҳарчанд Сорбони Ҳомид дар рафти иҷрои амалиёти мазкур даҳҳо фарсах дуртар аз Сарчашма буд, пеш аз ҳама сардор ақидаи вайро дар бораи шикасти амалиёт донистан хост.

  • Капитани милиса Сорбони Ҳомид шумо дар бораи он тугмачаи сеҳрангез, ки аз ҷайби нафари ба хонаи Хушдил Одил ташрифоварда ёфт шудааст, чӣ гуфта метавонед?
    Ташхиси криминалистӣ хулоса бар он додааст, ки жучок коршоям буда, дар минтақаи кушод, дар радиуси панҷсад метр пасттарин овозро ҳам дода метавонад, ин як. Дуюм ин ки жучокро асбоби қабул мебояд, вале мо то ба имрўз дастгоҳеро, ки дар рафти амалиёт баҳри қабули суханони тариқи жучок додашуда истифода бурда шудааст, дарёфт накардаем. Сеюм, аз ҳама муҳимаш он ки аз жучок ва дастгоҳи қабулкунандаи мавҷ танҳо мақомоти махсус истифода мебаранд. Банда то кунун намедонам, ки чӣ тавр чунин асбоб ба дасти гурўҳи Дороб Қамар, ки тайи се шабонарўзи охир мо ўро ёфта наметавонем, афтидааст.
  • Шахсияти боздидкунанда (визитёр) - ро муайян намуданд?
  • Албатта.
пешина
аз 527
навбатӣ