Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чойи кабуд биёред.
  • Чойи кабуд?
  • Ҳа.
  • Хуб шудааст, - гўён пешхизмат аз пайи иҷрои супориш рафт.
  • Эй Сайфиддин, Сайфиддин, дар тарабхона кабоб асту шароб, баҳри чой нўшидан бошад чойхона гуфтанӣ ҷой ҳаст,
  • нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Дороб Қамар.
  • Шумо борҳо таъкид намудед, ки мастӣ ба пастӣ мебарад ва дар ҳоле ки мо қарор дорем, нўшидани шароб маъние надорад.
  • Ана, барои ҳамин банда аз шумо боварӣ дорам.
  • Моро чӣ супорише дар пеш аст?
  • Аввал таом…
    Пешхизмат болои лаълии ялаққосие, кабоб, нон ва чой оварда, пеши ў гузошта, баҳраш иштиҳои том таманно намуд.
    Дар ҳоле ки Сайф Насим тановул мекард, командир мақсаду мароми хешро то андозае баҳраш рӯшан намуд.
  • Тугмачаи сеҳрангез (жучок)-ро аз куҷо гирем?
    Дороб Қамар коғазпечи хурдакакеро аз ҷайбаш бароварда, ба дасти шогирдаш дода гуфт:
    -Аминам, ки тарзи истифодабариашро аз ёд набаровардед?
  • Не, албатта, вале банда донистан мехоҳам, ки овози ба тугмача воридшударо мо бо кадом асбоб гўш мекунем?
  • Мо онро гўш намекунем.
  • Пас чӣ лозим истифодаи ин? - коғазпечи дар дасташ бударо нишон дода гуфт Сайф Насим.
  • Баҳри ба иштибоҳ андохтани милиса.
  • Чӣ тавр?
    Дороб Қамар нақшаи амалиёти дар пешистодаро, ки кайҳо дар майнааш тарҳрезӣ намуда буд, ба самъи шогирди манқурташ, ки дар калааш гўё ба ҷойи майна аррамайда дошт, расонд.
  • Пас ягон хатаре баҳри мо нест?
  • Агар ақлро кор фармоед…
  • Ман ба шумо қоил шеф. Аслан калаи шумо кала не, балки…
пешина
аз 527
навбатӣ