Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аз авзояш пай бурд, ки командир муддати зиёдест, ки роҳи вайро мепояд.
Бо ишораи командир ў ба курсие пушт ба тарафи дар нишаст.
- Хуш, чӣ мефармоянд? - пурсид командир.
- Ҳар он чи ки ба шумо маъқул бошад.
- Ман аллакай тановул намудам ва қариб буд, ки баромада равам.
- Бубахшед, ман бошам ҳамагӣ ним соат пеш мактуби шуморо гирифтам.
- Иҷрои амалиётро тағйир доданамон лозим.
- Чӣ хел?
-Ба воситаи дигар сарчашмаҳо маълумоти саҳеҳ гирифтам, ки он дипломати гумшуда ҳангоми ба ҷойи ҳодиса рафтани кормандони милиса дар мошини Сайёд Ватан набудааст. - Далел бо эътимод аст?
- Бешубҳа.
- Аз иҷрои амалиёт даст мекашем?
- Ҳаргиз.
- Шуморо нафаҳмидам, шеф.
- Ман метарсам.
- Хандаамро набиёред, шеф.
- Бемуҳобот мегўям.
- Шояд аз баҳри он пулҳо гузарем.
- Шумо ҳам тарсидед?
- Ман андешаи шуморо дорам.
- Беҳтар мешуд, ки андешаи он пулҳои гумшударо мекардед!
- Бе амри шумо мо чӣ кор карданамонро намедонем.
- Хоксорӣ мекунед, - Дороб Қамар боз чизе гуфтан мехост, вале омадани пешхизматро дида, муҳри хомўшӣ ба лаб зад.
- Хуш, чӣ мефармоянд? - бо як табассуми зебое пурсид пешхизмат.
- Ба ман кабоб.
- Бе шароб? - хандида гуфт духтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор