Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Додобоев сухан ба шумо!

  • Нафаре, ки дар қабати якуми бинои нуҳошёна дастгир шуд, сокини худи ҳамон бино Талбони Гул аст, дар ягон ҷо кор намекунад. Майзадаи таппа - тайёр. Чанд сол пеш барои майзадагиаш дар ЛТП90 будааст. Дар қабати ҳаштуми бино истиқомат дорад. Бо нафаре, ки ба вай костюмро туҳфа намудааст, дар кўча тасодуфан ду соат пештар шинос шудааст. Ҳарду ба "Бар" даромада хеле нўшиданд, сипас шахсе, ки ўро ба "Бар" таклиф намудааст, ҳангоми хайрухуш баҳраш костюме ҳадя намудааст ва боз хоҳиш кардааст, ки лифофаеро ба дасти Хушдил Одил диҳад. Ҳангоми азназаргузаронии дактилоскопии изи аз лифофа бардошташуда ба ҷуз нақши ангуштони худи Талбони Гул дигар ҳама изҳояш корношояманд.
  • Аз рўйи шуниди банда дар он лифофа навиштаҷоте ҳам набудааст.
  • Бале, ҳамин хел.
  • Аз рўйи нишондоди Талбони Гул имконияти ташкил намудани фотороботи он шиноси сари кўчагиаш нест?
  • Дар ҳоле, ки мо вайро дастгир намудем, қариб ки худашро намешинохт.
  • Дороб Қамар ҳам ба ботлоқ рафт?
  • Шояд, рафиқ капитан, ӯ хатарро ҳис намуда, пинҳон шуд. Аз он чи ки вай аз тугмачаи сеҳрангез истифода бурдааст, моро гумонҳои ботил дар сар аст, - гуфт сардор.
  • Рафиқ полковник, мо набояд фаромўш намоем, ки Дороб Қамар парвардаи кадом гурўҳ аст?
  • Медонам.
  • Хушдил чӣ мехонад?
  • Ў дар ғами ҷони худаш. Дафтари аъмолаш ҳам чандон тоза нест.
  • Дар солҳои ҷанги шаҳрванди чун Хушдил барин роҳгумкардаҳо кам набуданд.
  • Шумо боварӣ доред, ки он маблағи гумшуда дар дасти Хушдил нест?

90 ЛТП – (личебно трудовая профилактория) – дармонгоҳи тиббӣ меҳнатӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ