Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳамид Ҷовид боз чизе гуфтан мехост, вале занги телефони дохилӣ маҷбур сохт, ки лаҳзае ҳам бошад, дар суханронии хеш таваққуф намояд. Ў гўшакро бардошт.
- Рафиқ полковник, аз Сағирдашт капитани милиса Сорбони Ҳомидро мепурсанд.
- Моро пайваст намоед, - гуфт сардор ва гўшакро ба дасти ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дод.
- Ман гўш мекунам.
- Сорбон,… бибиат бандагиро ба ҷо овард, фардо пешин ҷаноза…
Мисли он ки аз сараш оби хунук рехта бошанд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лаҳзае лол монд.
Ҳамид Ҷовид аз чойники дар гўшаи мизи кориаш, ки кайҳо хунук шуда буд, чой рехта ба тарафи капитани милиса дароз намуда гуфт: - Роҳи ҳамаамон ҳамин, додар…
Сорбони Ҳомид он пиёлаи чойи кайҳо саршударо ба лабонаш бурда, каме нӯшида гуфт: - Афсўс ки тайи чанд моҳе, ки бибиам дар бистари беморӣ буд, як маротиба ҳам ба аёдаташ рафта натавонистам.
- Айби худат, додар.
- Медонам.
- Ба шумо рухсат медиҳам, ки аз пайи ба Сағирдашт рафтан шавед.
- Ташаккур, - гўён Сорбони Ҳомид аз ҷояш бархест.
Лаҳзае пас ў аз бинои милиса берун шуд, шом фаро расида буд. Ў таксиеро боздошт ва суроғаашро гуфту ба қафо нишаст. Мавҷи хаёлоташ бо боди аз тирезаи паҳлуи мошин сару рўяшро сила намуда омехта гашта, дафтари хотироти акнун нам гирифтаистодаи ӯро бо азобе варақгардон намуд…
Бибиаш Зарагул (илоҳо руҳаш шод бошаду манзили охираташ обод!) нақл мекард, ки дар аввалҳои соли 1930 ӯро падараш Амир аз деҳаи Ёхсу ба Сағирдашт овардааст. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар солҳои аввали инқилоб онҳоеро, ки замин доштанд, кулак ҳукм намуданд. Чун Амир яке аз мардони номдори ҳамон минтақа буд, бадбинонаш ба ҳукумат хабар додаанд, ки ў заминдор аст, бар замми ин, духтараш Моҳрў ҳамроҳи домодаш гўё аз сиёсати давлат норозӣ марзро убур намуда, ба Афғонистон рафтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор