Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • О, вай худаш гуфта истодааст, ки шаб вайро ба наздаш ҳозир намоянд, - ранҷида гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Вай ҳарчи хост гуфтан мегирад, рафту…
  • Гумон доред, ки ин ҳама (Тоҳир Додобоев ба тарафи

диктофон ишора намуд) дезинформатсия88аст.

  • Кӣ медонад, ўро дар сар чӣ хаёлест?
  • Дарвоқеъ, то андозае ҳақ ба ҷониби капитани милиса (Ҳамид Ҷовид ба тарафи Сорбони Ҳомид ишора намуд) аст, мо набояд лаҳзае аз ёд барорем, ки Дороб Қамар дар кадом гурўҳ хизмат намудааст.
  • Акнун чӣ бояд кард? - пурсид Тоҳир Додобоев.
  • Чораҳои иловагӣ андешидан лозим.
  • Яъне, дар атрофи манзили истиқоматии Хушдил Одил дидбонгоҳи иловагӣ гузоштан лозим, - посух дод сарвари бахш.
  • Моро илоҷи дигаре нест.
  • Аҷиб, онҳо Хушдил Одилро чӣ хел мерабоянд? Модоме ки онҳоро дар он ҷо кормандони мо интизоранд.
  • Онҳо ҳам чӣ кор карданашон , - боз ба суҳбат ҳамроҳ шуд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
  • Чӣ хел?
  • Ба пиндори банда сараввал онҳо нафареро ба разведка хоҳанд фиристод.
  • Мо бошем, вайро дастгир мекунем.
  • Ана ҳамин мешавад хатои мо.
  • Чӣ хел?
  • Чунки нафаре, ки ба разведка меравад, шахси тасодуфист, ба таври дигар гўем, ў онҳоеро, ки вайро ба ивази маблағе киро намудаанд, ҳатто намешиносанд. Дар ҳоле вайро тергав мекунем, онҳое, ки ўро ба разведка фиристодаанд, думро аз он ҷо хода мекунанд.
  • Рафиқ Додобоев, ҳамаи ҳамин фикру андешаҳоро ба нақшаи амалиёти "Пайкон" илова намуда, барои тасдиқ пешниҳод намоед!
  • Хуб шудааст, рафиқ полковник!

88 Дезинформатсия – хабари бардурӯғ барои ба иштибоҳ андохтан.

пешина
аз 527
навбатӣ