Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Душман чун гуноҳи дигарат наёфт, албатта, хоҳад гуфт, ки думи сагат каҷ аст…
Кофткуков сар шуд. Тамоми молу мулки Амирро талаю тороҷ намудаанд. Ҳамсари Амир дар замоне, ки духтарчааш яксола будааст, ҳангоми таваллуди фарзанди навбатӣ аз олам даргузаштааст. Тайи ду соли дигар бибиашро духтари дуюми бобои Амир Мушкиявшон калон намудааст. Бибиаш ҳамеша таъкид мекард, ки ў ҳамроҳи Арӯсмо (духтари апааш Мушкиявшон) як синаро мемакидаанд.
Чун Амир мебинад, ки кўдак дар азоб аст, ўро бо худ гирифта, ба Афғонистон рафтанӣ мешавад, вале ҳангоми таваққуфи сарироҳӣ дар Сағирдашт, оилае духтарчаро ба фарзандӣ қабул мекунад.89
- Марҳамат, - гуфт ронанда, ки лаҳзае пеш мошинро боздошта буд ва чун дид, ки мусофир дар байни кадом андешаҳое ҳаст, ниҳоят гулӯ рӯшан кард.
Сорбони Ҳомид бо ронанда ҳисобӣ намуда, ба тарафи муқобили роҳ гузашт. Дарро ба рўяш Расул кушод. Чанд нафаре аз ҳамсоягон аз ҳодисаи даҳҳо фарсах дур рухдода аллакай огоҳӣ ёфтаву баҳри изҳори ҳамдардӣ омада буданд.
Ниҳоят соате пас боз чанд тан хешу табори дигар ҳам ба дари хонаи ў ангушт заданд. Баъди ду соати аз воқеа огоҳ шудан онҳо Наҷибро дар хона монда, худ ба роҳ баромаданд. Ба ҳамаи пофишориҳо нигоҳ накарда, ин даъфа сухани Наҷиби донишҷў дар гўши падар кора накард…
Соатҳои панҷи субҳ онҳо ба Сағирдашт расиданд ва аз забони падар, ки ба истиқболшашон баромад, фаҳмиданд, ки Наҷиб бо нолаи гўшнавози хеш тариқи телефони мобилӣ дили бе ин ҳам моломолу пурдарди падарро шикофт… - Наҷиб наҷиб аст ва афсўс ки банда ҳамин чизро ба назар нагирифтам, - афсўс хурд падар, ки худ монеаи ба ҷаноза омадани писараш гардида буд…
Баъди хондани ҷаноза ҷисми бибиро, ки тобуташ лаълии паронро мемонд, мардумони зиёде бардошта то манзилгоҳ бурданд…
89 Шарифбек Азизӣ, Асарҳои мунтахаб, ҷилди 5. Қиссаи “Кунҷи нигоҳ” саҳифаи 473 – 509.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор