Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳуҷҷатҳоро дар бораи ба зери назорат гирифтани телефонҳои шахсоне, ки иштирокчии амалиётанд, тайёр намуда, барои тасдиқ ба назди Асад Ғаниевич биёред!
  • Хуб шудааст, - гўён Тоҳир Дадобоев аз пайи иҷрои супориши сардор рафт.
  • Дар бораи бехатарии Хушдил Одил ва аҳли оилааш ягон чора андешидаед?
  • Метавонед осуда бошед.
  • Баъди муайян намудани шахсияти Дороб Қамар ва Сайф яку якбора нияти ба ҳуҷум гузаштан доред ё…?
  • Барои ҳамин ҳам розигии шуморо барои ба зери назорат гирифтани телефон ва дигар намудҳои алоқа гирифтанием.
  • Гумон доред, ки Дороб Қамарро боз сарваре ҳаст?
  • Намедонам, вале санҷиш зарар надорад.
  • Ба сабурии шумо рашкам меояд.
  • Моро ба ҷуз сабр дигар чорае нест. Рафту ба шитобкорӣ роҳ диҳем, эҳтимол объекти пешниҳодоти шумо гардем.
  • Бачаи боба ҳам як рўз ба ман дар пеши дари прокуратура чунин гуфт.
  • Аминам, ки аз вай хафа нашудаед?
  • Не, албатта. Ҳар он чи ки вай гуфт, аз дили соф ва беғаразона гуфт.
  • Чунин нафарон умуман ангуштшуморанд. Онҳо ҳатто андешаи анҷоми суханашонро, ки чун алиф рост ва нишонрас аст, намекунанд, зеро на аз касе тарс доранд ва на тамаъ.
  • Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон. Исто, ки ин бачаи бобаро ёд карда, ҳатто боре ҳам сари марги Мустафо Наим андеша накардам. Ба ақидаи шумо ягон пешравие дар кор ҳаст?
    -Дирўз мо аз рўйи нишондоди Озодаи Шафоат фотороботи ҳамон занеро тартиб додаем, ки чанд бор ҳамроҳи ронандаи таксӣ будааст.
  • Гумон доред, ки он фоторобот ягон натиҷа медиҳад?
  • Мо ҳамеша ба оянда бо назари нек менигарем, нияти нек бошад, ними давлат аст.
  • Дар бораи он дипломати гумшуда чӣ андеша доред?
  • Гумон мекунам, ки онро кадом роҳгузаре то омадани милиса ёфта гирифтааст.
пешина
аз 527
навбатӣ