Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Хоҳиш мекунам гапро кашол надиҳед!
  • Гап дар сари он ки ду соат пештар ба дили одамрабоён раҳму шафқат пайдо шудаву онҳо Шерзодро сар додаанд.
  • Хайрият, - нафаси сабуке кашида гуфт Асад Ғанӣ.
  • Гуфтам - ку, сабр ва боз ҳам сабр.
  • Медонед - чӣ, рафиқ полковник?
  • Чӣ буд?
  • Ман аз хурдӣ афсона шуниданро дўст медоштам, вале то кунун чунин афсонаи зеборо, ки анҷомаш нек аст, нашунидаам.
  • Хоҳиш мекунам, ки байни афсона ва ҳақиқат деворе бино намоед.
  • Дар қалби банда баҳри бардоштани девор ҷой нест ва ҳамаи он афсонаҳои шунидаи ман низ аз зиндагӣ гирифта шудаанд.
  • Афсона ҳам зиндагист, бо нигориши хеш дар қабои зебо.
  • Чун ҳамин афсонаи имрўзаи шумо, ки қариб буд бандаро ба инфаркт расонед…
    Асад Ғанӣ боз чизе гуфтан мехост, вале касе ба дар ангушт зад.
  • Марҳамат, дароед, - овоз рӯшан кард Ҳамид Ҷовид.
    Тоҳир Дадобоев рухсат пурсида, вориди дафтари кории сардори ШКД шуд ва баъди аҳволпурсӣ бо Асад Ғанӣ аз ҷузвдони дар дасташ буда, чанд коғазро бароварда, ба дасти Ҳамид Ҷовид дод.
  • Ҳамааш ҳамин?
  • Бале.
  • Ба Файзбор мактубро фиристодед?
  • Бале, рафиқ полковник.
  • Аз ҳисоби взводи пайроҳадорӣ - посбонӣ чӣ?
  • Дар асоси супориши Шумо ду нафарро ба ихтиёри капитани милиса Сорбони Ҳомид фиристодем.
  • Шахсияти онҳоеро, ки дар бораашон саҳари суҳбат қарор доштем, муайян намудед?
  • Тариқи телефакс ба бюрои суроғаҳои вазорат дархост фиристодем, вале то кунун ҷавобаш нест.
пешина
аз 527
навбатӣ