Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бале.
  • Бовар намекунам.
  • Ихтиёратон.
  • Тарзе сухан мегўед, ки гўё ягон ҳодиса нашудааст.
  • Шояд маслиҳат медодед, ки чӣ кор кунем?
  • Ман худ ба маслиҳати шумо муҳтоҷам. Бубин, лаънатӣ аз куҷоҳо мехонад…
    "Шуморо вай худаш ё…
  • Ё.
  • Ному насаби онҳо?
  • Номи як нафараш Сайф, дигарашро намедонам.
  • Рабудани Шерзод кори дасти кадоме аз онҳост?
  • Кори дасти ҳамин ду худозада…"
  • Ҳарчи тезтар барои озод намудани писарбача чорае андешинанамон лозим. То кунун бо он худозадаҳо алоқа барқарор накардаед?
  • Не.
  • Ман ҳайронам, ки чаро шумо чунин бепарвоед?
  • Бепарво не, хунсард гўед?
  • Ҳа, хунсардии шумо ба мағзу устухонам кора кард.
  • Модоме ки чунин аст, ман мехостам розигии шуморо барои ба зери назорат гирифтани телефони Хушдил Одил ва агар шахсияти вай худозадаҳо муайян шавад, телефони онҳо ҳам гирам.
  • Ман розӣ, розӣ мефаҳмед. Акнун биёед тезтар аз пайи озод намудани Шерзоди Хушдил шавем!
  • Лозим нест.
  • Шуморо нафаҳмида истодаам.
  • Чияш нофаҳмо?
  • Ҳамааш.
  • Ором шавед.
  • Чӣ хел ором шавам, ки дар минтақаи хизматии мо одамрабоӣ намуданд, вале мо тайи ду рўз дар ин бора маълумоте дар даст надорем.
  • Шумо маълумоте дар даст надоред?
  • Шумо чӣ?
  • Мо маълумоти пурра дорем ва боварӣ дорем, ки дигар ба писарбача хатаре таҳдид намекунад.
пешина
аз 527
навбатӣ