Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Баробари ростқавлии хеш ў марди наҷиб ва инсони безарар аст.
- Баҳс намекунам.
- Кор дар идорае, ки ба қавли шумо ман шомилаш ҳастам, тарзе ба роҳ монда шудааст, ки дасти чап чӣ кор кардани дасти ростро намедонад.
- Чун ҳалқаҳои алоҳидаи занҷир, ки як шаддаро ташкил медиҳанд ва рафту ҳалқае шиканад, шадда корношоям нагардад, ҳамин хел?
- Бале.
- Модоме ки худи сарпараст шуморо мешиносад, пас дар синдикат мақому манзалати баланд доред?
- Доштам.
- Акнун чӣ?
- Ранг бину ҳол пурс…
- Ман ҳеҷ нафаҳмидам, шахсе ки дар борааш гап меравад кист?
- Сабр ва боз ҳам сабр, - ба пиёла чой рехта ба дасти прокурор дода гуфт Ҳамид Ҷовид.
- Чӣ илоҷ, сабр бошад, сабр мекунем.
“Ному насаби нафаре, ки маблағро барои интиқоли минбаъда ба дастатон дод? - Дороб Қамар.
- Ў чӣ кора аст?
- Собиқ командири гурўҳи "Сипар", ки то баровардани қӯшунҳои шўравӣ дар хоки Афғонистон амал мекард.”
- Ин чӣ хел гурўҳ будааст?
- Тасаввуроте дар ин бора надорам, - иқрор шуд Ҳамид Ҷовид.
- Ман тайёрам, ки давомашро дар ду сухан шунавам.
- Ин ғайриимкон аст.
- Чаро?
- Чунки моро мақсаду маром дигар аст.
- Дар бораи озод намудани он писарбача чӣ чора андешидед?
- Қариб ки ҳеҷ чиз.
- Ва инро шумо - марде, ки аз нисф зиёди ҳаётатонро сарфи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намудед, мегўед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор