Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ба банда рухсат диҳед, ки равам, охир маро дар прокуратураи шаҳрӣ интизоранд.
  • Танҳо баъди гирифтани розигиатон дар ҳуҷҷатҳо…

Новобаста аз он ки дафтари аъмоли собиқ командири гурӯҳи "Сипар" Дороб Қамар чун осмон софу беғубор ва чун оина шаффоф буд, вале рафтори ноҷавонмардонааш нисбат ба писарбачаи шашсола тираабреро рўйи осмон овард ва чун нурҳои хуршед паси он пораи абри сиёҳ дармонд, оина ҳам ҷилои хеш аз даст дод…
Аз бозгашти Шерзод ба назди волидайнаш аллакай як шабонарўз гузашта бошад ҳам, собиқ командири гурўҳи "Сипар" аз камингоҳ берун нашуд, ки нашуд. Тайи ин муддат аксари кормандон баҳри анҷом додани амалиёти "Пайкон"
рухсат пурсиданд, вале сарвари ШКД, ки марди ҷаҳондида буд, сабуриро аз даст надод, ки надод…

  • То Дороб Қамарро дар ҷойи ҳодиса дастгир накунем ва ё далелҳои муътамадеро дар нисбати гунаҳкории вай ба даст наорем, аз оғози амалиёт бояд худдорӣ намоем.
    Ба амалиёт "Пайкон" ном гузоштанд, ки маънояш нӯги тези найза ва ё тир аст. Аз чандин номҳое, ки дар маҳфили назди сардори ШКД пешниҳод шуд, маҳз ҳамин ном қобили қабул гардид. Муаллифи номи амалиёт Сорбони Ҳомид дониста шуд, чунки ў мақсади хешро дар ифодаи ҳамин як калима баён карда тавонист. Пайкон ин тире буд ба муқобили гурўҳи "Сипар", ба муқобили гурўҳе, ки замоне дар хоки кишвари ҳамсоя қарзи интернатсионалии хешро иҷро менамуд. (Агар дар ҳақиқат онҳо ба хотири Ватан қарзи хешро иҷро намуда бошанд).
    Табаддулоти бузург ҳамеша сармоядорони бузургро рўйи саҳна меорад ва ҷанг ҳам новобаста аз он ки харобӣ меорад, боз ба манфиати гурўҳ ё қавме хизмат мекунад. Дар кишвари ҳамсоя Дороб Қамар ба чӣ кор машғул буд, касе намедонист, вале аз он чи ки вай даст ба гарав гирифтани кўдаки ноболиғ зад, ин худ гувоҳи он буд, ки оғози кораш ҳам чандон пок набудааст.
    Сорбони Ҳомид аз рўйи нақли Хушдил Одил ба хулосае омад, ки Дороб Қамар дар харид ва фурўши маводи мухаддир даст дорад ва ҳамин нишондод баҳри дар манзилаш гузаронидани кофтуков ва боздошт намуданаш кифоя буд, вале…
пешина
аз 527
навбатӣ