Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикмат Зариф яку якбора сар бардошта, котибаро рў ба рўяш дида гуфт:

  • Ҳа, ин шумо?
  • Бале, ман, - бо табассум гуфт духтар.
  • Тинҷӣ - мӣ?
  • Ана, ин мактубро худи ҳозир тариқи телефакс гирифтам,
  • гўён котиба варақи сафедеро, ки то кунун дар дасташ буд, болои миз гузошта пас гашт. Ҳикмат Зариф айнакашро ба чашм гузошта, варақро ба даст гирифт.
    “Ба сардори ШКД-и ноҳияи Файзбор, майори милиса Ҳикмат Зариф Субҳи дирўз аз боғчае, ки аз рўйи минтақаи ҷойгиршавиаш тобеъи ноҳияи Сарчашма аст, писарбачаи шашсола Шерзоди Хушдил ба гарав гирфта шуд. Дар ин бора падару модари Шерзод ба ягон ҷо хабар надоданд. Онҳо ҳамчунин садди роҳи кормандони боғча гашта, ҳодисаи мазкурро пинҳон намудан хостанд. Субҳи имрўз мудири боғча Сафияи Шосафар дар ин бора ба милисаи ноҳияи Сарчашма муроҷиат намуд. Бо ҷаҳду талошҳои зиёде ба мо муяссар гашт, ки бо падари Шерзод - Хушдил Одил суҳбат намоем. Дар рафти суҳбат муайян намудем, ки Шерзодро барои он ба гарав бурдаанд, ки падараш ҳаштод ҳазор доллари амрикоиро гум кардааст. Чӣ хеле ки худи Хушдил Одил итиллоъ дод, тахминан як моҳ пеш ў ҳамчун миёнрав ин маблағро аз Дороб Қамар (шахсияташро то кунун пурра муайян накардаем) собиқ командири гурўҳи "Сипар"
    гирифта, тариқи курер Сайёд Ватан ба самти шарқи марзи Тоҷикистон - Афғонистон фиристодааст. Аз рўйи нишондоди Хушдил Одил маблағи мазкур дар дохили як дипломати сиёҳ ҷо шуда будааст. Мошини Сайёд Ватан дар минтақаи Дударгӣ, ки тобеи ноҳияи шумост, ба садама дучор гаштааст. Маблағи мазкур дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудааст. Эҳтимол гурўҳи Дороб Қамар бар он андешаанд, ки Хушдил Одил дипломатро нафиристодааст. Маҳз ҳамин ҳолат сабаби ба гарав гирифтани писарбача гаштааст.
    Эҳтимол гурўҳи Дороб Қамар ба ҷустуҷўи он дипломат баромада бошад. Аз ин рў, аз шумо хоҳиш мекунем, ки тамоми қувваи милисаро барои муайян намудани шахсоне, ки кўшиши ёфтани он дипломатро доранд, равона созед. Рафту дар ин бора хабаре доред ва ё маълумоте ба даст овардед, ба таври таъҷилӣ моро огоҳ намоед…
пешина
аз 527
навбатӣ