Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сардори ШКД-и ноҳияи Сарчашма полковники милиса Ҳамид Ҷовид.”
- Ин аст натиҷаи кори мо, - оҳ кашида айнакашро аз чашм гирифту ба курси такя намуда гуфт Ҳикмат Зариф. -Мо бошем, ба сухани Қодири Ашўр бовар накардем. Беҳуда нагуфтаанд, ки гапи ростро аз бача шунав…
Занги телефон он қадар гўшхарош буд, ки Асад Ғанӣ зуд аз пушти дар қафо баргашта, гўшакро бардошт.
- Аминам истироҳати эшонро дар ин лаҳза халалдор накардаам.
- Ҳа, ин шумоед?
- Боз кӣ мешуд ё занги телефони дигареро интизор будед?
- Баръакс, ман аллакай дар пушти дар будам, ки шумо бо занги хеш бандаро аз роҳ боздоштед.
- Ман ба наздатон омаданӣ будам, вале акнун фаҳмидам, ки шумо сари по рост шудаед, аз райъам гаштам.
- Чаро?
- Чунки агар шумо нияти ба милиса омадан дошта бошед, аз роҳатон намонед. Мо шуморо интизор, - гўён зангзананда худ ба алоқа нуқта гузошт.
Асад Ғанӣ, ки нияти ба прокуратураи шаҳрӣ рафтан дошт, баъди занги телефонӣ сари дуроҳа монд. "Мўйсафед (Ҳамид Ҷовид) беҳуда бандаро ба милиса таклиф накарда истодааст. Аҷаб нест, ки боз ягон хабаре гирифта бошаду бандаро ба ҳамкорӣ даъват кунад. Эҳ, мўйсафед, мўйсафед, бе ту мо чӣ кор мекардем? Ҳама хабарҳои олам сараввал ба гўши худат мерасанд. Бубин ин хабаркашҳои лаънатиро, ки ба ту ва ба идораат чун занбўр ба ширинӣ часпидаанд". Асад Ғанӣ танҳо баъди ин андешаҳо гўшакро болои телефон гузошта, аз дар баромад…
Чун ба курсии қафои мошини хизматиаш нишаст, аз нигоҳи ронанда дарёфт, ки вай самти ҳаракатро донистан мехоҳад, гуфт: - Ба пеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор