Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў боз ба ёд овард, ки аввалин газетаи болшевикон "Искра", ки соли 1903 чоп шуда буд, сухани мазкурро шиори хеш қарор дода буд. Дар ҳақиқат "Искра" дар замони хеш вазифаҳои дар наздаш гузоштаро бечунучаро иҷро кард.
Ҳикмат Зариф, ки мехост муаммои он дипломати зормондаро бо кўшишу дастгирии худи Дарвеш Мўсо ҳал намояд, дар нимароҳ монд. Чунки худи Дарвеш Мўсо шояд ному насабашро ҳам баҳри чашмбандии мардум дурўғ гуфта буд, оташи кайҳо хомўшшударо мемонд, ки аз он шуълае барангехтан ба гумон буд, вале дуди он оташи кайҳо сўхтаву хокистар гашта, дар девори дили онҳое, ки акнун дар орзуи дидораш буданд, боқӣ монд.
Маҳз ҳамин ҳолат сарвари ШКД-и ноҳияи Файзбор Ҳикмат Зариф ва ҳамкоронашро водор намуд, ки доираи корҳои ҷустуҷўиро васеътар намуда, акси аз суханони мардум рўйи лисон омадаро (словестный портрет) ба Қодири Ашўр, ки дигар милиса ба дурустии суханонаш шубҳае надошт, нишон диҳанд.
Сабаби дигари ба ёд овардани писарбачаи ёздаҳсола он буд, ки худи ӯ ҳангоми вохўрии аввалин капитани милиса Муртазо Дўстро бовар кунонида буд, ки эҳтимол симои он ду нафаре, ки дипломати сиёҳро бо худ бурдаанд, шиносад, ҳарчанд эҳтимол ин сухани қатъӣ набуда, сухангўй кафолати корро надод. Пешниҳод намудани акс баҳри шиносоӣ дар асоси талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, писарбача Қодири Ашўр он симои болои варақро нашинохт. Пас чӣ бояд кард?
Ҳамааш аз бад бадтар шуд ва он асрори ниҳон боз махфитар гашт. Дар ҳолате ки Ҳикмат Зариф дар гирдоби андешаҳои хеш сари ин муаммои сарбаста ғӯтта мезад, котиба бе калому бе салом дарро оҳиста кушода, вориди дафтари кориаш гашт. Ҳатто болои қолини моҳутдор, ки ҳама гуна садоро фурў мешинонад, ў нӯг - нӯги по ҳаракат намуда, то пеши мизи кории Ҳикмат Зариф омад. Сарвари ШКД он қадар ғарқи андеша буд, ки котиба аз рафтори худаш шарм дошт ва оқибат баҳри ба эътидол омадани вазъи ба амаломада гулў рӯшан кард.

пешина
аз 527
навбатӣ