Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Суқрот рӯ ба рӯйи ҳамсар тағофул намуд ва сабаби гиряи ҳамсарро донистан хост.
Ҳамсараш бо чашмони ашкбор худро ба оғӯши шавҳар партофта гуфт:
-Золимона кушта хоҳӣ шуд.
Файласуфи бузург бори охирин ба чашмони бонуи хеш нигариста пурсид:
-Агар одилона кушта мешудам, гиря намекардӣ?
Ҳамсараш гуфт:
-Манзурам ин аст, ки бе гуноҳ кушта мешавӣ.
-Суқрот гуфт:
-Яъне, бояд бо гуноҳ мебудам?
Зан худро аз оғӯши шавҳар ҷудо карда гуфт:
-Эй ҷонат гӯр шавад, хок бар сарат, ки дар дами марг ҳам аз фалсафа ва мантиқ гап мезанӣ?!”
-Андеша аз нигоҳи мантиқ?
-Исто!
-Чаро мо дар чунин ҳолат имконият надиҳем, ки ҳамсуҳбатамон (шоҳид ё гумонбаршуда) то ба ҳадде имкон дорад сухан гӯяд, ҳарчанд мо медонем, ки ӯ дурӯғ гуфта истодааст. Маҳз ҳамин ҳолат имкон медиҳад, ки мо дурӯғ гуфтани ҳамсуҳбатамонро аз рӯйи формулаи бе асос дурӯғ намегӯянд, собит намоем.
Дар нимаи дуюми рӯз Ҷомии Шариф ба коргоҳ омад ва мо далелҳои шайъиро ҳамчун “дастовез” гирифта, боз ба назди сарвари милиса рафтем. Котиба бо нигоҳи ҷаззобаш, ки маънои бе рухсати банда вориди он дари дуқабата шудан ғайриимкон аст, моро ба тағофул намудан ҳидоят кард.
Тақрибан баъди панҷ - шаш дақиқа нафаре аз дафтари кории сардор берун омад ва котиба бо ишораи чашм ба мо рухсати давом додани роҳро дод.
Нигоҳи сарвари милиса ба коғазпечи дасти Ҷомии Шариф афтоду ҳамоно бо ишораи даст моро ба нишастан даъват намуд. Ин амал дар ёди банда каломи аз забони бобою бибӣ шунидаамро “пешволи пеш, дуо пай ва ширеш” - ро ба ёдам овард ва аз ҷузвдони дар дастам буда санади гирифтани далелҳои шайъиро чун туҳфае, ки корафтода пеши домулло мегузорад, назди сарвари милиса гузоштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё