Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Сабаби ҳамаи ин бебарориҳоро дар чӣ мебинед?”- гуфтани Воҳид Камол асоси андешарониҳои минбаъдаам дар байни ин чор девори бетонӣ гашт ва бо ҳама кушишу харҷ дар ин хомуши ҳам банда андешаҳоямро сари як нуқта гирд оварда натавонистам. Агар ба ҳаёти инсонӣ аз баландие наззора намоем, онро бо каме пасту баландиҳо тахту ҳамвор мебинем ва чун болои ҳамон ҳамвории дидаамон қадам мезанем пасту баландиҳои зиёде садди роҳамон мешаванд ва агар эҳтиёт накунем, поямонро мешиканем. Ҳамаи инро мо дар ҳоле дарк мекунем, ки мушкилоте пешорӯямон ояд ва чунин лаҳзаи сарнавиштсоз ба мо имкон медиҳад, ки хубро аз бад ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Ман бисёр мехостам сари гуфтаи онҳое, ки ин субҳ ҳамроҳашон суҳбат доштам, аз нигоҳи қонун назора намоям. То ҷое мо огоҳӣ ёфтем Мижгони Файз зиндагии шоҳонае дошт ва шояд ҳаққу ҳамсояҳоро ҳам боре даст гирифта бошад ва агар чунин будӣ, пас чаро онҳо каломи неке дар бораи вай ба забон наоварданд. Шояд аз рӯйи хусумат бошад, пас куҷост инсонгарии мо? Мо баъзан зиндагии хешро аз рӯйи тангдастӣ бо зиндагии нафаре, ки дорову сарватманд аст, дар муқоиса мегузорем ва шукр намекунем, ки тандурустӣ ҳам сарвату ганҷи бебаҳост. Албатта, ман довари рафтору кирдори онҳое, ки имрӯз ҳамроҳашон суҳбат доштам, шуда наметавонам ва намедонам, ки кадоме аз онҳо сухани ҳақро гуфту кадоме не ва ҳамаи гуфтаҳои онҳоро аз нигоҳи қонун боз санҷидан лозим меомад ва барои дурӯғ гуфтан ба ҷуз гуноҳ боз даҳҳо ҳолатҳои дигар ҳам ҳаст ва ту ба хулосае нахоҳӣ омад, агар ба рафти ҳодисаҳо аз нигоҳи мантиқ андеша нанамоӣ.
-Чунин андеша танҳо ба файласуфи бузурги олам Суқрот даст додааст, ки ҳатто дар дами марг, - ба ёд овардам ман ва мавҷи андешаҳоям дигарбора ба 15 феврали соли 339 то мелод парвоз кард...
“Дар он рӯзи моҳи феврали соли 339-и то милод Ҳакими Юнони бостонро ба қатлгоҳ мебурданд ва нохост чашми файласуф ба ҳамсараш бархӯрд, ки сари роҳаш истода гиря дорад.

пешина
аз 527
навбатӣ