Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Хуб мешуд, ки фотороботи вайро тартиб медодед. Дар он сурат муайян намудани шахсияти ӯ осонтар мегашт.
- Ман худам ба деҳаи Сайёд меравам ва ҳеҷ ҳам набошад, нишонаҳои ӯро барои тартиб додани хабари таъҷилӣ гирифта бармегардам.
- Ҳамон ронандаи таксиро муайян намоед. Фаҳмед, ки ўро аз Сайёд то ба кадом маҳалла бурдааст. Чун мо ному насаби ӯро намедонем, дар тартиб додани хабарнома мушкилоти зиёде пеш хоҳад омад. Ҳар чӣ тезтар тариқи мухобира нишонаҳои вайро ба дидбонгоҳҳои БДА додан лозим!
- Хуб шудааст.
- Ба шумо барори кор хоҳонам, - гўён Ҳикмат Зариф ба гуфтугўи телефонӣ нуқта гузошт.
“Хуш, то ба ҳамин лаҳза мо дар бораи ӯ чӣ дорем? - саволе дод ў ба худ. - Ҳеҷ чиз, на номашро медонему на насабашро,” - шунид ў овози қалби хеш.
Сорбони Ҳомид аз тарафи рости кўча, аз самте, ки шумораи хонаҳо адади тоқ доштанд, ҳаракат дошт, ҳарчанд хонае, ки таваҷҷуҳи вайро бедор намуда буд, дар тарафи муқобил ҷойгир буду ададаш ҳам ҷуфт буд. Ў гоҳ - гоҳ рўйи роҳ истода, аз мардуми роҳгузар чизе мепурсид. Бинанда гумон мекард, ки ў аз кадом деҳаи дурдасте омадаасту манзили кадом хешашро ҷӯёст. Аммо капитани милиса кори хешро нағз медонист. Охир ҳар як хатои вай метавонист хатаре ба вуҷуд биёрад, хатаре чун вулқон, ки даҳшаташро тасаввур карда намешавад.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳатто дар рў ба рўйи биное, ки ташриф оварда буд, таваққуф накарда, самти ҳаракаташро баъди панҷоҳ - шаст қадам тағйир дода, ба тарафи чап тоб хўрд ва баробари аз роҳ гузаштан боз яку якбора ба тарафи чап гашта, ҳамон хел суръати ҳаракаташро тағйир надодаву ин даъфа ба чизе таваҷҷуҳ накарда, роҳашро давом дод. Чун ў дар рў ба рўйи бинои нуҳошёна расид, ҳатто ба рақами бино аҳамият надода, яку якбора ба тарафи рост гашта, баъди даҳ - дувоздаҳ қадам вориди бино шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор