Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳикмат Зариф тамоку даргиронд ва хабари гирифтаи Одина Валихонро дар тарозуи ақл баркашид. Аз он ки то кунун корҳои ҷустуҷўи натиҷае надода буданд, ин ҳанўз маънои шикасти корро надошт. Сарвар танҳо аз дер гирифтани хабари таъҷилӣ дар шигифт буд. Аз замоне, ки Дарвеш Мўсоро дар деҳаи Сайёд дидаанд, қариб як шабонарўз гузаштааст. Дар хабари таъҷилӣ омада буд, ки Дарвеши Мўсо ҳангоми ба қайд гирифтани пашму пӯсти мардум чандин бор кўшиш ба харҷ додааст, ки ҳар чи бештар дар бораи садамаи автомобилӣ дар мавзеи Дударгӣ хабаре ба даст орад. Таваҷҷуҳи зиёди меҳмон хайрият нигоҳи нафареро дар атрофи пурсишҳои пардапӯшонаи бедор намудааст. Маҳз ҳамин ҳолат имрўз идораи милисаро сари по хезонд.
- Чӣ таззоде. Бубин, яке бо саъю кўшиши пасипардагӣ асрори нуҳуфтаеро фаҳмидан хостаасту дигаре мақсаду мароми нопоки ўро дарк намуда, ба милиса хабар додаст.
Занги телефон садо доду Ҳикмат Зариф аз байни андешаҳо берун омада гўшакро бардошт. - Рафиқ майор, ман Одина Валихон. Аз рўйи маълумоти навгирифта муайян намудем, ки ному насаби Дарвеши Мўсо дар рўйхати кормандони "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" ҳеҷ гоҳ набудааст ва нест.
- О, бадбахте, ҳатто номашро ҳам дурўғ гуфтааст.
- Шояд.
- Пас ташрифи вай ба ин минтақаро танҳо як сабаб аст?
- Ба фикрам, ҳамин хел.
- Мардум беҳуда намегўянд, ки гапи ростро аз бача шунав.
- Афсўс ки шахсан ман дар он маҷлис ҳамин чизро ба инобат нагирифтам.
- Муртазо Дўстро фиристодед?
- То кунун не.
- Тезтар аз пайи кор шавед. Модоме ки Дарвеш Мўсо нисбати ҳодисаи сангчарх дар мавзеи Дударгӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад, пас муаммои он дипломат ҳам дар дасти вай аст.
- Мефаҳмам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор