Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари ба даромадгоҳ ворид шудан лаҳзае сукут кард ва ба қафо нигарист. Чун ҳама ҷоро сокиту ором дид, ба дохили бино рафта, рў ба рўйи хонаи рақами 3 бозистод ва тугмачаи зангро зер кард.
Дарро ба рўяш ҷавонзани қадпасти бисту се - бисту шашсола, кушод, ки дар тан куртаи пахтагини рангаш гулобӣ дошт. Хатҳои чун алаф рости курта қади пасти ўро аз будаш баландтар нишон медод.

  • Капитани милиса Сорбони Ҳомид, - аз ҷайбаш шаҳодатномаи хизматиашро бароварда ба дасти соҳибхона доданӣ шуд ӯ.
  • Лозим нест.
  • Ман тариқи телефон…
  • Ҳа, дадои Шерзод шуморо интизор,-гўён соҳибхона баъди ворид шудани вай ба хона дарро маҳкам карда, барои даромаданаш дари мобайнро нишон дод.
    Баробари вориди меҳмонхона шудан ў марди тахминан си - сиюпанҷсолаеро дид, ки болои курсии мулоим нишастааст.
  • Марҳамат гузаред, - овоз рӯшан кард он мард ва ба хотири меҳмон базӯр бархест.
  • Илтимос нахезед, - гуфт меҳмон ва ба курсии рў ба рўйи соҳибхона нишаст.
  • Ин кас Сорбони Ҳомид, - меҳмонро муаррифӣ намуд ҳамсари соҳибхона, ки аз пеши дари даромадгоҳ ўро истиқбол гирифта буд.
  • Бисёр хуб, банда падари Шерзод.
  • Шумо суҳбат намоед, ман як чой биёрам, - гўён зан интизори тасдиқ ва ё инкори сухани хеш нашуда, аз дар баромад.
  • Ба фикрам, шуморо ҳам онҳо ба чунин аҳвол расонидаанд, - аввалин шуда риштаи суханро ба даст гирифта пурсид Сорбони Ҳомид.
  • Чӣ гўям? - каме ҳам бошад дасту по хўрда гуфт соҳибхона.
пешина
аз 527
навбатӣ