Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Метавонед аз Моҳира Собировна пурсед.

  • Моҳира Собировна, суханони модари Шерзодро тасдиқ мекунед?
  • Ҳа, - чашмони аз гиря варамардаашро пок карда истода гуфт мураббие, ки ба гурўҳи писарбачаи гумшуда сарвар буд.
  • Модоме, ки чунин аст, албатта, Шерзодро меёбем.
    Хоҳиш мекунам пеш аз пода чанг набардоред.
  • Хуб шудааст.
    -Беҳтар мебуд, ки шумо ба хона мерафтед, шояд Шерзодро ягон инсони нек ба хонаатон бурдагист.
  • Ман розӣ, - гўён Раъно ба тарафи дарвоза равон шуд.
    Моҳира Собировна ўро то беруни боғча гусел намуда, илтиҷо кард, ки агар дар бораи Шерзод хабаре ёбад, ба боғча занг занад ва модари Шерзодро бовар кунонд, ки ўро ҳам аз натиҷаи корҳои ҷустуҷўи хешу ҳамкорон огоҳ хоҳад кард…
    Чун дарро кушода, вориди хона гашт, шавҳар нигоҳашро маҳзун дид. Чунин нигоҳро тайи ҳашт соли зиндагии якҷоя бори аввал медид. Мард дарёфт, ки на ҳамсар ва на мураббиёни боғча ҷигарбанди ўро ҳифз карда натавонистаанд, вале баҳри тасаллои дили бемор пурсид:
  • Шерзодро дидӣ?
  • Не, - гуфт зан ва лаҷоми гиряро сар дода, ба курсӣ нишаст.
  • Шуд, шуд, ором шав.
  • Ором шав мегўйӣ? О ту мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ?
  • Мефаҳмам, афсўс ки ҳамин тарафи масъаларо мо тайи ин ду шабонарўзи охир ба инобат нагирифтем.
  • Акнун чӣ мешавад?
  • Ҳамааш нағз мешавад, ором шав.
  • Чӣ хел нағз мешавад, магар онҳое, ки Шерзодро рабудаанд, ҳамон дўстони деринаи худат нестанд?
  • Ба фикрам, ин кори дасти онҳост.
  • Ба фикрат ё аниқ?
  • Ба ҷуз онҳо дигар киро бо мо корест?
  • Шояд ба милиса занг занем?
  • Зинҳор ин корро кардан лозим нест.
пешина
аз 527
навбатӣ