Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чӣ, чӣ гуфтед? - пурсид модари Шерзод, ки нав ба худ омада буд.
  • Гуфтам ба милиса занг мезанем.
  • Не, не, илтимос ба милиса занг назанед.
  • Чаро?
  • Ҳамин хел, ба милиса занг задан лозим нест.
  • Ман шуморо нафаҳмида истодаам.
  • Чияш нофаҳмост?
  • Ҳаминаш, ки шумо намехоҳед мо ба милиса муроҷиат намоем.
  • Ман метарсам.
  • Аз кӣ?
  • Аз онҳое, ки Шерзодро дуздидаанд.
  • Дуздидаанд ё вай худаш аз боғча баромадааст?
  • Намедонам, вале ман метарсам, мефаҳмед?
  • Мо ҳам ба ҳаёти Шерзод ҷавобгарем. Гумон мекунам, ки бе дастгирии милиса қадаме ба пеш гузоштанамон мушкил.
  • Чаро шумо танҳо дар бораи милиса гап мезанед? Каме интизор шуданамон лозим, шояд Шерзод ҳамин лаҳзаҳо баргашта ояд, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд мураббие, ки дар синну сол аз ҳама калонтар буд.
  • Намедонам, - гуфт сарвари боғча.
  • Хоҳиш мекунам, ба ягон ҷо занг назанед, рафту…
  • Чиро дар назар доред?
  • Онҳое, ки Шерзодро рабудаанд, шояд мақсаде дошта бошанд.
  • Шумо чизеро аз мо пинҳон карда истодаед, - рост ба чашмони модари писарбачаи гумшуда нигариста пурсид сарвари боғча.
  • Не, не, ман ҳеҷ чизро намедонам, - нигоҳашро аз нигоҳи сарвари боғча гурезонда гуфт Раъно.
  • Аз он чи ки шумо ҳамагӣ баъди як соати ба боғча овардани писарбачаатон аз нав ба ин ҷо омадед, гумон мекунем, ки шумо ягон хатареро ҳис намудед?
  • Не, не, ҳаргиз чунин гумонҳои бад накунед. Ман ба самти муқобил, яъне, ба поликлиникаи рақами якум рафта будам ва дар бозгашт мураббии Шерзодро дар берун дида, вориди боғча шудам.
пешина
аз 527
навбатӣ