Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дороб Қамар боз вориди шуъбаи алоқа гашта, бо Сайф Насим дуюмбора ба алоқа баромада, кори анҷомдодаи шогирдро ситоиш намуд. Манқурти дар тарафи дигари сим буда, аз ситоиши собиқ командир болидаруҳ гашта, қавл дод, ки то ҷон дар рамақ дорад, ба "ватан" хизмат хоҳад кард. Ин ваъдаи рамзии вайро ба гумон буд ягон "дешифровальчик85"- и дунё кушода тавонад.
Вай аз бинои шуъбаи алоқа берун омад. Дигар дар Файзбор истодан маъние надошт. Бозгашти командир ба мавқеи аслии "хизмат" ногузир буд. Аз ин рў, вай омадани намояндагони ширкатро аз Амрико баҳона карда, бо ронандаи таксӣ худоҳофизӣ намуд. Тамоми роҳ ўро як фикр ором намегузошт, ин ҳам бошад, он ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ дар дохили дипломати рангаш сиёҳ, ки худ ба дасти Хушдил Одил дода буд, то ки вай ҳам дар навбати хеш чун ҳалқаҳои занҷир онро боз ба дасти дигаре диҳад…


  • Ором шавед, ором шавед, ана каме об нўшед, - гўён кадоме аз мураббиён пиёларо ба лабонаш бурд.
    Раъно ҳамагӣ чанд қулт об нўшида, ба қавле каме ҳам бошад, ором шуд. "Бадбахтӣ ҳеҷ гоҳ танҳо намеояд, вай ҳатман касеро бо худ меорад" - гуфтаҳои кампири бибашро, ки соле пештар дар синни навадсолагӣ бандагӣ кард, ба ёд овард. Дар дигар ҳолат мешуд, эҳтимол Раъно аз ғайб задани бачааш дар мадди аввал он қадар аҳамият ҳам намедод. Хайр чӣ, бачаи шашсола метавонад аз беназоратии мураббиёни боғча ба берун барояд. Ба берун баромадани бача ин ҳаргиз маънои гум шуданро надорад. Дар дунё одамони наҷиб хеле зиёданд ва аҷаб не, ки нафаре аз онҳо нисбати бачаи якаву танҳо, ки дар кўчаҳои шаҳр ҳаросон мегардад, таваҷҷуҳ накунад. Дар он сурат, албатта, писарбачаро ба милиса хоҳанд бурд.
  • Ором шавед, худи ҳозир ба милиса занг мезанем, - гуфт сарвари боғча, ки ҳамон лаҳзаҳо аз идораи маорифи шаҳр баргаштаву аз гум шудани писарбача Шерзоди Хушдил огоҳӣ ёфт.

85 Дешифровальчик – рамзкушо.

пешина
аз 527
навбатӣ