Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Чаро?
- Онҳо ба ҳама кор қодиранд.
- Ман метарсам.
- Дилатро дур набар, онҳо бо Шерзод коре карда наметавонанд.
- Чӣ хел наметавонанд? Ба ёд биёр, ки онҳо бо худат чӣ карданд?
- Бо ман мумкин, вале бо Шерзод не.
- Пас чаро ўро ба гарав гирифтанд?
- То ки боварӣ ҳосил намоянд, ки он пул дар дасти ман ҳаст ё не.
- Ҷавобат маро қонеъ карда наметавонад, мефаҳмӣ?
- Онҳо баҳри он бо Шерзод коре карда наметавонанд, ки ман ҳамаашонро мешиносам. Чун боварӣ ҳосил намуданд, ки пул дар дасти ман нест, Шерзодро сар медиҳанд.
- Рафту бовар накунанд - чӣ?
- Намедонам, - каме ҳам бошад дасту по хўрда гуфт Хушдил Одил.
- Оё беҳтар нест, ки ба милиса муроҷиат намоем?
- Не, не…
Шавҳар боз чизе гуфтан мехост, вале дар ҳамин асно телефон занг зад.
Чун худи ў ҳанўз имконияти қадамзании дуруст надошт, аз ҳамсар хоҳиш кард, ки рафта гўшаки телефонро, ки дар пешайвон буд, бардорад.
Раъно рафта гўшакро бардошт, вале дар он тарафи сим касе гулў рӯшан накард… - Алло, алло гап занед, - илтиҷо намуд ҷавонзан, вале дар он тарафи сим мисли оне ки ба даҳон об гирифта бошанд, хомўш буданду хомўш. Ниҳоят Раъно гўшакро ба ҷояш гузошта, боз ба назди шавҳар, ки болои бистар дароз кашида буд, баргашт.
- Хуш кӣ будааст?
- Намедонам, - оҳе аз дили пурдард бароварда гуфт зан.
- Шояд онҳо бо худат гап задан нахостанд?
- Намедонам.
- Очаи Шерзод!
- Ҳа, чи буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор