Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Хуб шудааст, раис.
-Ана ин гапи дигар.
Ҷамол он ду мизоҷи навомадаро то ба назди мизи Хуморов гусел намуда, сипас аз пайи кораш рафт...


Маро аз худ марон, то ҷон ба осоиш диҳам пешат,
14 Чаро дур аз ту мирам бо азоб оҳиста – оҳиста?
роҳравон ба ёд овард овард суханони Фарҳодро Зулайхо.
Ҷавонзан аз зинаҳои кӯпуруки ҳавоӣ поён омада ба тарафи рост тоб хӯрд. Мардум якдигаро тела дода, вориди қатора мешуданд. Аслан ҳамин манзара дили бе ин ҳам ҳазини ӯро ҳазинтар кард. Ҳарчанд ҷаҳонбиниаш чандон зиёд ҳам набуд, вале сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонист. Аз он ки ҳамдиёронаш то кунун аз муносибати одӣ дар чунин ҳолатҳо, ки ҷомеаи мутараққии ҷаҳон онро чун “навбат” эътироф намудааст, бархӯрдор набуданд ва ё бархӯрдор буданду бо кадом сабабҳое иҷрои онро барои хеш ор медонистанд, дили Зулайхо таҳ кашид. Маҳз ҳамин бесарусомониҳо буд, ки Фарҳод вокзалро, ки дарвозаи шаҳр аст, макони “тиҷорати”хеш қарор дода буд.
Тиҷорати Фарҳод тиҷорати одӣ набуд ва он ба сари садҳо не, балки ҳазорон нафар таҳдиди ҷонӣ мекард.
Зулайхо аз байни издиҳоми ба тарафи қатораҳо ҳаракаткунанда гузашта, вориди бино шуд ва ҳарчанд мардуми дохили биноро аз назар гузаронид, собиқ “кавалераш” (хушдораш) – ро надид. Ба назар чунин менамуд, ки Фарҳод ҳеҷ гоҳ дар ин ҷо набуд.
Бори аввал дилаш ба Фарҳод - ба нафаре, ки агар меҳнати ҳалолро пеша мекард, бо як мушт задан кӯҳро талқон карда метавонист, сӯхт, вале чӣ илоҷ, ки Офаридгори бузург ба Фарҳод ҳамаро дода буд ба ҷуз нангу номус. Чун дар замири Фарҳод ҳеҷ гоҳ нангу номус хуруҷ накард ва ӯ меҳнатро, ки рӯсурхии инсонаш мехонанд, напазируфт, маъшуқааш ӯро ландаҳур хонда, муносибаташро аз вай канд.

Шеър аз А.Лоҳутӣ.

пешина
аз 441
навбатӣ