Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Пешаи интихобнамудаи Фарҳод оянда надошт ва Зулайхо инро бараъло ҳис намуд. Интиқоли маводи мухаддир ин афсонаҳоеро ба ёд меовард, ки қаҳрамононаш баҳри иҷрои амале ба роҳе мерафтанд, ки бозгашт аз он роҳ набуд...
Зулайхо бисёр мехост Фарҳодро бубинад ва рӯйрост ба вай фаҳмонад, ки пешаи нодурустеро интихоб намудааст, вале ҳама ҷустуҷӯйҳояш бенатиҷа баромаданд. Гумон мерафт, ки замини саҳни вокзал Фарҳодро барои амалҳои зишташ ба қаъри худ фурӯ бурда буд...
Зулайхо ба милиса даъват шуданашро низ ба гӯшаи фаромушӣ ва ҷустуҷӯи Фарҳодро мақсади асосии хеш қарор дод. Ҷавонзан қариб тамоми саҳни дохилу беруни вокзалро чун сӯзан ҷустуҷӯ намуд, бехабар аз он ки Фарҳод дар як нигоҳ дар болои кӯпруки ҳавои собиқ маъшуқаашро шинохта, вокзалро кайҳо тарк намуда буд.
Ниҳоят баъди ҷустуҷӯйҳои беохир ӯ умедашро аз вохӯрӣ бо Фарҳод канд ва аз бинои вокзал баромада ба тарафи истгоҳ рафт...
“Бача дар хоб ғам аст, ғам аст, ғам аст...” беист дар гӯши Карим садо медод суханони бибиаш.
-Ҳа, Каримҷон, ба нон нигар, чаро ин субҳ ҳушу ёдат парешон? - пурсид ҳамсари тағояш Муҳайё.
-Ташвиш накашед, янга, ҳама нағз аст.
-Ҳашт сол дар Ватан набудед ва наход як ҳафта наистода ёди баҳр карда бошӣ?
-Ҳаргиз ин хел нест, вале ба кор рафтанам шарт. Агар рухсат диҳед, худи ҳамин рӯз ба фурудгоҳ равам, шояд дар тайёра ягон ҷой ёфт шавад, дар он сурат, албатта ман барои ба тайёра нишастан имконияти пурра пайдо мекунам.
-Фарз намудем аз ин ҷо бо хатсайри аввал то Маскав меравӣ, вале чун сафарат шакли транзитиро дорад, маҷбур мешавӣ дар он ҷо боз ду-се рӯз интизор шавӣ. Не, беҳтараш дар ҳамин ҷо то фаро расидани рӯзе, ки барои парвоз чипта гирифтаӣ, бо мо бош. Дар мулки бегона чӣ гум кардаӣ, ки ин қадар дар талоши рафтан ҳастӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё