Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Карим баъди шунидани суханони тағояш, ки аз амр дида ба хоҳишу илтиҷо шабеҳи бештаре дошт, муҳри хомӯшӣ ба лаб зад ва баъди тановули субҳ ҳамроҳи тағояш ба тамошои шаҳр баромад...
Чун нишоне аз Ватан дар хиёбони марказӣ ҳамроҳи Давлат чанд акс гирифт ва тағояш бо ӯ худоҳофизӣ намуда, аз пайи корҳои хеш рафт, ӯ ба самти бинои алоқа ҳаракат намуд. Мехост ба Владивосток занг занад, вале фарқияти вақтро ба ёд оварда, аз райъаш гашт. Нахост мардуми соҳили уқёнуси Оромро аз хоби ширин бедор кунад. Ана дар ҳамин лаҳза ӯ боз ҳамон духтари дар пеши фурудгоҳи Домодедово дидаашро ба ёд овард. Роҳравон ҳам бошад, қомати зебо ва чашмони фаттони Зулайхо пеши назараш ҷилвагар шуд.
Бубин, бо чунин ҳусну малоҳати Худодод духтари тоҷик дур аз Ватан мардикор аст...
-“Худат чӣ?”- нидо омад аз қалбаш.
-Ман ҳам, вале афсӯс, ки диёри аҷдоди мо аз баҳр ва уқёнусҳои калон дур афтода, вагарна ман ҳашт сол пеш ба ин ҷо меомадам. Охир маллоҳ шудани ман ин орзуи ягонаи бобоям буд ва ҳайфу дареғ, ки бобоям манро дар либоси писандидааш надид.
-Орзуи бобоят ин танҳо як тарафи кор буд.
-Тарафи дигараш чӣ?
-Тарафи дигараш ишқи русдухтар буд ва акнун, ки ӯ аз ту рафт, метавонӣ ба Ватан баргардӣ.
- Пас орзуи мӯйсафед, ки акнун дар мақоми васият қарор дорад чӣ мешавад?
-Мӯйсафед дар дақиқаҳои охири умраш ҳам номи туро ба забон оварда чашм дар роҳат буд. Рафту агар дар лаҳзаҳои охири умраш худатро медид, албатта мегуфт, ки ба Ватан баргард.
-Охир ман дигар дар ин ҷо ҳам танҳоям, миёни замину осмон танҳо...
Дар ҳамин вақт мошине садо баланд карда, вайро аз байни андешаҳояш берун овард ва ӯ худро дар байни чорроҳа дид. Ронанда чанд сухани носазоеро баҳраш “ туҳфа” намуд, вале чун гуноҳ дошт сар ба зер афканда, то ба мавқеи аввалааш қафо рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё