Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Бача дар хоб ғам аст,” ба ёд овард Карим суханони бибиаш Ҳанифаро ва суханони бибиашро бо хоби субҳгоҳӣ дидааш ва ҳодисаи ҳозира рухдода дар муқоиса гузошт ва ҳатто шукр бар он гуфт, ки ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт. Дар ҳамин лаҳза чароғаки сабз ба сӯяш чашмак зад ва ӯ ҳамроҳи дигар афроди дар сари гузаргоҳ интизори дошта роҳро убур намуда, ба самти муқобил гузашт. Чун дигар майли тамошои шаҳр ҳам надошт-афсӯс бар он хӯрд, ки дар Маскав суроғаи Зулайхоро напурсид, вагарна ҳоло рафта аз ҳолу аҳволи амаки милисааш хабар мегирифту аз ӯ барои Зулайхо паём мебурд...
-“Мушти пас аз ҷанг ба ёд омадаро ба сари худат зан!”- нидо омад аз қалбаш.
-Инаш рост. Аблаҳиро бубин, ки ҳатто суроғаи чунин як паризодро напурсидам.
-Дигар аз ҳама ин оҳу воҳ суде нест ва беҳтар мешуд, ки ба роҳ менигаристӣ, то боз ягон балоеро ба сарат наорӣ, - шунид ӯ амри аз ниҳодаш бархестаро.
Карим аз байни андешаҳои хеш дубора берун омад ва чашмаш дар самти ҳаракат ба ранги сурхи чароғаки роҳнамо бархӯрда, дар пеши гузаргоҳ истод.
“Аҷиб, чаро Зулайхоро ба ёд овардам?
-Ҳамаи ин талаботи биологии инсонҳост, ки дар нисбати ҷинси муқобил дар замирашон туғён мекунад ва ҳамин талабот дар ниҳоди насли ҷавон бештар аст.
-Пас чунин андешаҳо метавонад дар замири Зулайхо ҳам хурӯҷ намояд?
-Чунин ҳолатро ҳам истисно карда намешавад,”- шунид ӯ исёни аз замираш буруномадаро ва ба истиқболи чароғаки сабз қадам гузошт...


Навбатдори милиса даъватномаи ҷавонзанро аз назар гузаронда, тариқи телефони дохилӣ аз омаданаш ба касе хабар дода гуфт:

  • Ошёнаи дуюм, дафтари рақами бисту як.
пешина
аз 441
навбатӣ